Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон

11.03.2024 18:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.

Пешвои миллат дар оғози суҳбат муҳтарам Осиф Алӣ Зардориро дар робита ба интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва дар фаъолияти давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии ду давлат, ки бар арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, инчунин анъана ва усулҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд.

Сарвари давлати мо фаъолона идома додани муколамаи байнидавлатиро ба нафъи таҳким ва тавсеаи равобити ҳамаҷониба арзёбӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон даъват намуданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал орад.

Дар фарҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талошҳои амалии муштарак ҷиҳати бо муҳтавои нав ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон изҳори умед намуда, ба Покистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда орзу намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520