Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Казуюки Хамада

14.09.2012 19:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Казуюки Хамадаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи судманди ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб аз татбиқи босамари лоиҳаҳои сершумори гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва нақлиётию роҳсозӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши робитаҳо, хусусан робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, ҳанӯз хеле зиёданд.

Ба гуфти Казуюки Хамада, кишвари ӯ дар доираи Гуфтугӯи «Осиёи Марказӣ+Япония» иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистону Покистон ва дигар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ тавсиа мебахшад.

Баррасии авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвар, пеш аз ҳама аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.

text-align: justify

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520