Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси нави андоз ба имзо расид

17.09.2012 16:40

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи ватаниву хориҷӣ бо ҷалби коршиносон, мутахассисони соҳа, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорони кишвар бо иштироки ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади такмилу тақвияти муносибатҳо дар соҳаи андоз таҳия ва қабул карда шудааст.

Кодекси андоз ҷавобгӯи шароити кунунии иҷтимоию иқтисодии кишвар буда, сабукӣ ва имтиёзҳои дар он пешбинишаванда барои боз ҳам мусоидтар гардидани фазои иқтисодии кишвар ва ҷалби сармоягузорӣ заминаи мустаҳками меъёрии ҳуқуқиро фароҳам месозад.

Дар таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ соддаю шаффоф пешбинӣ карда шуда, ҳадафи асосии он аз баланд бардоштани адолатнокию самарабахшии андозҳо ва сабук намудани сарбории супорандагони андозҳо иборат мебошад.

Дар он шумораи умумии моддаҳо аз 359 адад то 329 адад, шумораи истинодҳо аз 384 адад то 176 адад, шумораи эъломияҳои андоз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботҳои андозӣ то 86 фоиз кам карда шуда, андоз аз фурӯши чакана бекор карда шудааст. Номгӯи умумии андозҳо аз 21 намуд то 10 намуд (аз 1 январи соли 2017 - то 9 намуд), аз ҷумла, андозҳои умумидавлатӣ аз 17 адад то 8 адад, андозҳои маҳалӣ аз 4 адад то 2 адад кам карда шуда, то соли 2017 паст намудани меъёри андоз аз фоида барои истеҳсолкунандагон аз 15 фоиз то 13 фоиз ва барои дигар намуди фаъолият аз 25 фоиз то 23 фоиз пешбинӣ карда шудааст. Амали мазкур дар асоси аз номгӯи андозҳо хориҷ намудани андоз аз фурӯши чакана, муттаҳид намудани андозҳои монанд (андози замин бо андоз аз молу мулки ғайриманқул, андози фурӯш бо андоз аз коркарди молҳо, андози истифодабарандагони қаъри замин бо роялти барои об, андоз аз фоида бо андози ҳадди ақал аз даромадҳо) амалӣ карда мешавад.

Бо назардошти таҷрибаи дигар давлатҳо низомҳои амалкунандаи андозбандӣ такмил дода шуда, низомҳои андозбандии имтиёзнок ва низомҳои андозбандии махсус пешбинӣ карда шудаанд.

Истифодабарии нишондиҳандаҳои миёнаи оморӣ барои ҳисоб намудани андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ бекор карда шудааст.

Андозбандии соҳибкории хурд бо андоз аз арзиши иловашуда бекор карда шуда, ҳадди бақайдгирӣ бо мақсади андози арзиши иловашуда аз 200 ҳазор сомонӣ то 500 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шуда, барои онҳо меъёри андози низоми соддакардашуда дар мавриди истеҳсоли мол 5 фоиз ва барои дигар андозсупорандагон 6 фоиз пешбинӣ шудааст.

Аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод намудани воридоти таҷҳизотҳои технологӣ, қисмҳои такмилдиҳандаи онҳо ва чорвои хушзот пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин барои дастгирии коркардкунандагони ватании пашм, пӯст ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ки маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол менамоянд, низоми имтиёзнок дар мӯҳлати то панҷ сол паҳн карда мешавад.

Кодекси андоз ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, инчунин ба баъзе ташкилотҳо як қаттор имтиёзҳои андозиро пешбинӣ намудааст, ки мақсади он риояи адолати андозбандӣ, дуруст тақсим намудани гаронии андозҳо, додани бартарият ба гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон мебошад.

Матни пурраи Кодекси андоз рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда шуда, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода мешавад. То ин мӯҳлат тариқи телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма муқаррароти Кодекси мазкур аз ҷониби коршиносон ва мутахассисони соҳа шарҳ дода мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520