Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

18.09.2012 07:40

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин минтақаи баландкӯҳи ҷумҳурӣ сафар кард.

Тайи ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хорӯғ ва чанд ноҳияи ин вилоят ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва ба сохтмони иншооти зиёди дигар оғоз мебахшад. Мулоқоту суҳбатҳои бевосита бо мардуми касбу кору гуногун ва маҷлиси машваратӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аз ҳадафҳои асосии ин сафар аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520