Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

04.10.2012 13:45, шаҳри Душанбе

Дӯстони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти мо ба хотири гиромидошти забони давлатӣ дар арафаи Рӯзи забон, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябр муқаррар шудааст, баргузор мегардад.

Аз соли 2009 ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Бо дарназардошти гузаштаи таърихии забони тоҷикӣ дар суннати тӯлонии шифоҳӣ ва хаттии марбут ба давраҳои гуногун ва фарогирии луғоту истилоҳоти фаровон, ки дар осори гузашта мавриди истифода қарор гирифтаанд, метавон имрӯз низ дар бораи имконоти забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ дар ҷомеаи кунунӣ ба дурустӣ қазоват кард.

Таърихи забони мо чандин навъи хату алифбо ва таълифи осори бесобиқаю беҳамто дорад. Ин моро водор месозад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрӯзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем.

Гузаштаи дури мо тавассути осори давраҳои таърихӣ мафҳум ва ошно буда, пайванди асрҳо ва наслҳоро маҳз ҳамин забон то ба имрӯз таъмин мекунад. Ҳар як сатри осори гузашта таърихи зиндаи фарҳанг ва забони мост.

Аҳли савод на танҳо осори даврони устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки навиштаҳои асрҳои қабл аз Рӯдакиро низ бе мушкилоти зиёд дарк мекунанд. Ин яке аз махсусиятҳои забони мо мебошад.

Ҳамчунонки аз осори аҳди Сомониён бармеояд, ин давра барои ҳифз, густариш ва рушди забон яке аз давраҳои бисёр муҳим дар таърихи мо дониста мешавад.

Маҳз ҳамин давраи давлатдории тоҷикон дар таърих яке аз давраҳои ташаккули забон, фарҳанг ва арзишҳои дигари миллӣ маҳсуб мешавад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар пайдоишу густариш ва рушду ташаккули забони мо дар марказҳои фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр забонҳои дигари маҳаллӣ низ нақши бузург доранд.

Тавре ки аз таърих медонем, дар давлатдории Сомониён нақши забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ дар иттиҳоди қавмҳои сокини ин минтақа хеле назаррас будааст.

Дар оғози давраи ташаккули хеш забони тоҷикӣ дар расмулхати арабӣ бо риояи меъёрҳои адабӣ дар чандин ҳавзаҳои забонии минтақа шакл гирифтааст.

Ҷолиб он аст, ки шоирону нависандагони ҳар минтақа дар шакл гирифтани хусусияти луғавию дастурии ин забони воҳид ва муштарак саҳм гузоштаанд.

Бо ҳамин далел забони тоҷикӣ тавонистааст, ки дар истифодаи луғат ва қоидаҳои дастурӣ махсусиятҳои ҳавзаҳои гуногуни забонию фарҳангии қаламрави зисти аҷдоди моро фаро гирад.

Ҳамин тариқ забони тоҷикӣ аз марказҳои идорӣ ва иқтисодиву фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр ба минтақаҳои дигари зисти мардумони сокини ин сарзаминҳо густариш пайдо кардааст.

Бинобар гуфтаи Ибни Муқаффаъ ва Мақдисӣ ҳанӯз дар нимаи дуюми асри ҳаштум забони дарӣ дар минтақаи Балх густариш пайдо карда буд, ки ин нуктаро донишмандон бар асоси манбаъҳои арабӣ, чинӣ ва таҳлили номҳои ҷуғрофии таърихӣ таъйид намудаанд.

Аслан забони мо дар таърихи давраи аввали ташаккулу густариши хеш аз унсурҳои забонҳои портӣ, суғдӣ ва бохтарӣ бештар баҳра бардоштааст, ки инро дар осори аҳди Сомониён ва гӯишҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар ин манотиқ ба хубӣ метавон мушоҳида кард.

Бинобар натиҷагирии донишмандон дар асрҳои нӯҳу даҳ дар давлатдориҳои қабл аз Сомониён як умумияти этникиву фарҳангӣ шакл мегирад, ки он дар аҳди Сомониён бо номи умумияти этникии тоҷик дар Осиёи Миёна ва Хуросон шинохта мешавад.

Аз он даврон иттиҳоди халқи тоҷик ҳамчун халқияти дорои умумияти фарҳангу тамаддун ва забони муштараки ташаккулёфта дар ин давлатдорӣ эътироф гардидааст.

Дӯстони азиз!

Дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи забон 5-уми октябри соли 2010 вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи рушди забон як қатор дастуру супоришҳо дода будам, ки чанде аз онҳо то ҷашни кунунӣ иҷро ва амалӣ шудаанд.

Яке аз чунин вазифаҳои муҳим таҳияи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», таҳия ва пешниҳоди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» буд, ки он бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос анҷом дода шуд.

Қобили зикр аст, ки «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар даврони истиқлолият пас аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бори нахуст нашр мешавад.

Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки аз ҳисоби имконоти молии мавҷуда нашри ин фарҳангро маблағгузорӣ намояд.
Ба хотири таҳкими мақоми забони давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо фароҳам овардани заминаҳои воқеӣ иқдомоти заруриро бо роҳи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба донистани забони давлатӣ ҳангоми пешбарии номзадҳо ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, роҳбарони мақомоту муассисаҳо намунаи чунин тадбирҳо дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият маҳсуб мешавад.

Дар иртибот ба ин масъала бори дигар таъкид мекунам, ки тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар донистани забони давлатӣ бояд масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Дар суханронии зикршудаи худ ба муносибати Рӯзи забон гуфта будам ва бо дарназардошти аҳамияти ин масъала бори дигар таъкид месозам, ки усули кунунии таълими забони модарӣ бар асоси шеваҳои кӯҳна қобили истифода набуда, ин сабку равиши таълим бояд таҷдиди назар карда шавад. Зеро чунин усули таълими забони модарӣ барои соҳибзабонон ва намояндагони забонҳои дигар, ки сокини кишвар мебошанд, чандон самарабахш нест.

Ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки дар иртибот ба таҷдид ва такмили усули таълими забони давлатӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва олӣ дар кӯтоҳтарин муддат тадбирҳо андешад.

Омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон дар тарбияи наслҳо тақозо дорад.

Дар тарбияи забономӯзии кӯдакону ҷавонон, ки синни хеле хуби рушди малакаҳои зеҳнист, бояд падару модарон масъулияти бештар дошта бошанд.

Имрӯз исбот шудааст, ки кӯдакон дар баробари забони модарӣ метавонанд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаро гирифта шаванд.

Дар донистани забони модарӣ масъулияти падару модар, бахусус масъулияти модаронро бояд боло бурд. Кӯдак сухани нахустинро аз модар меомӯзад ва ҳамеша ба кӯмаку роҳнамоии модар ҳамчун мураббии худ ниёз дорад.

Бинобар ин, мо дар ҷомеа бояд ба масъалаи савод омӯхтан ва ба таълим фаро гирифтани духтарону бонувон бештар таваҷҷӯҳ намоем.

Чунки ҳоло на ҳама хонаводаҳо имкон ва тавоноии ҷалби мураббиро барои тарбияи фарзандони хеш дар синни томактабӣ доранд.

Забони мо дар ҳама даврони таърихи гузашта аз омилҳои муҳими иттиҳоди мо буд. Ин иттиҳод бояд дар зеҳни мардум, бахусус насли ҷавон ҳарчи бештар парвариш дода шавад.

Имрӯз ин амр дар роҳи ҳамбастагии ҳамватанону ҳамзабонон тақозои замон дониста мешавад.

Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки пайванди забонии мо бо дигар ҳамзабонон асосан тавассути суннати муштараки адабӣ ва забони меъёри классикӣ сурат гирифтааст.

Забони мо ба сарзаминҳо ва кишварҳои дигар аз рӯи ҳамин суннатҳои адабии хаттӣ густариш пайдо кардааст, ки намунаи барҷастаи он истифодаи забони тоҷикӣ дар сарзамини Ҳиндустон мебошад.

Ҷойи ифтихор аст, ки забони мо дар ин кишвар замони тӯлонӣ дар мақоми забони расмӣ қарор дошта, осори ниҳоят фаровони адабӣ, таърихӣ, илмӣ, ҳамчунин фарҳангномаҳо ва дастурҳои омӯзиши ин забон таҳия ва таълиф гардидаанд.

Имрӯз дар давлатдории навин мо ба асолати забони пуриқтидори хеш бармегардем. Бори дигар таъкид менамоям, ки ин забон дар тафовут аз забони омиёна ҳамеша омили муттаҳидкунанда ва ваҳдати миллати мо буд ва минбаъд низ чунин боқӣ хоҳад монд.

Чунонки таъкид карда будам, забони адабии мо, ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз дар замони давлатдории навин низ ба ҳайси забони давлатӣ қарор дорад.

Аз ин рӯ, мо ва наслҳои оянда ин забонро бояд ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем.

Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, тибқи супориши Президент аз 30 октябри соли 2009 дар назди роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мактабҳои олӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати татбиқи талаботи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаҳои мушаххас гузошта шуда буд.

Яке аз бандҳои ин супориш мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо ҳамин роҳ ҳама гуна мухолифатҳо бояд аз байн бурда шаванд.

Мутобиқи санади мазкур Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳот назорати иҷрои қонунро дар фаъолияти тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо таъмин менамоянд.

Бо вуҷуди саъю талоши пайвастаи мақомоти масъул то ба имрӯз дар иҷрои бархе аз муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баъзе мушкилиҳо вуҷуд доранд.

Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забони модарӣ дар ҳама давру замон чеҳра ва шинохти ҳар миллат буда, имрӯз низ дар муаррифии тамаддуну фарҳанг ва давлатдории миллии мо омили муҳим дониста мешавад.

Чунки миллати тоҷик маҳз бо забони зебову шево ва ширину шоиронаи худ - забони тоҷикӣ зиндаву поянда монд.

Яке аз мушкилот дар иҷрои муқаррароти қонуни мазкур ба масъалаи эълону реклама, номгузории муассисаҳо ва лавҳаю овезаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ марбут аст.

Дар баъзе мавридҳо навиштаҷоти рекламаи ороиши берунӣ ва дигар лавҳаю овезаҳо бар хилофи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мешаванд, ки ин як навъ қонуншиканӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки иҷрои ҳатмии муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро таъмин намоянд.

Навиштаҷоти ғалат набояд ба мардум пешниҳод гардад. Ба ғалат навиштан ва ғалат гуфтан, ки барои баъзе аз мардум одат шудааст, бояд ба таври қатъӣ хотима гузошта шавад.

Имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр номҳои фаровони хориҷӣ, ки ба қонунгузории мо мухолифат доранд, ба мушоҳида мерасанд.

Бо супориши ман Кумитаи забон ва истилоҳот бо ҷалби мақомоти дигари масъул аз моҳи майи соли равон дар пойтахти кишвар назорати иҷрои қонунро аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ оғоз кард, ки ҳоло ислоҳи ин гуна номҳои хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ идома дорад.

Ба андешаи ман, номгузорӣ ба забонҳои хориҷӣ беэҳтиромӣ ба арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва худшиносии миллӣ мебошад.

Дар робита ба ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳоро зарур аст, ки пеш аз сабти номи ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ тартиби номгузориро ба забони давлатӣ танзим намоянд.

Номҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар ҷавобгӯи меъёрҳо ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Яке аз масъалаҳои муҳим барои таърихи миллат ин гирдоварӣ ва омӯзишу таҳқиқи дақиқи номҳои ҷуғрофӣ мебошад. Бар асоси таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишмандони хориҷӣ ва ватанӣ анҷом гирифтааст, ҳар як номи ҷуғрофӣ дар асоси манбаъҳои хаттӣ бояд мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода шавад.

Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамоянд.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба таърихи хеш воқеъбинона назар кунем. Номҳои ҷуғрофии ҳар мавзеъ ва ҳар минтақа арзишмандтарин сарвати таърих ва мероси миллии ин сарзамин дониста мешаванд.

Ин номҳо таърихи зиндаи миллат буда, бештари онҳо аз гузаштаи дур маншаъ мегиранд. Аз ин рӯ, ба Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки таҳқиқи илмии номҳои таърихию ҷуғрофиро ба роҳ монад.

Яке аз хусусиятҳои ин номҳо дар он аст, ки онҳо ба давраҳои гуногун ва забонҳои маҳаллии ин сарзамин мансуб мебошанд. Аммо, мутаассифона, теъдоде аз ин номҳо дар тӯли таърих ба номҳои бегона иваз карда шудаанд, ки имрӯз аз рӯи адолату ҳақиқати таърих бояд эҳёи тоза ёбанд.

Чунонки маълум аст, воситаҳои ахбори омма, бахусус радио ва телевизион аз манбаъҳои муҳими таъсиргузори иттилоотии ҷомеа ба шумор мераванд.

Борҳо ин масъаларо таъкид карда будам, вале то ба ҳол дар самти риояи меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ камбудиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Дар таърихи насри мо намунаҳои олии сабкҳои гуногуни адабӣ ба мерос мондааст, ки онро насри сода ё насри «роҳи рост» номидаанд.

Забони ин осор дар асри кунунӣ ва оянда низ қобили истифода ва пайгирӣ мебошад. Ин насри асил забони моро ба бунёди худ пайваста, онро аз ҳар гуна суханпардозиҳо ва суханбозиҳои берун аз мантиқ раҳо месозад.

Тавре ки борҳо таъкид намуда будам, имрӯз яке аз манбаъҳои муҳим ва таъсирбахш дар риояи меъёрҳои забони адабӣ воситаҳои ахбори омма дониста мешаванд.

Риояи муқаррароти қоидаҳои имло ва меъёрҳои забони адабӣ барои ҳама воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳое, ки ба табъу нашр машғуланд, ҳатмӣ мебошад.

Мо намунаи забони миллиро, ки бар пояи забони ноби классикӣ устувор буда, беш аз ҳазору сесад сол дар суннати шифоҳӣ ва хаттӣ ташаккул ёфтааст, дар ихтиёр дорем. Ҳифзи ин забон бо чунин шевоӣ ва зебоӣ ифтихори миллати мост.

Мо бояд аз ҳама ғановат ва сарвати забони миллӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ба хубӣ истифода намоем ва намунаҳои беҳтарини онро пешкаши мардум гардонем. Аммо дар ин самт аз ҷониби воситаҳои ахбори омма камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо барои рушди забони миллӣ ҳатмист.

Ҳамчунон ки мушоҳида мекунем, баъзе аз ровиёну нотиқони радио ва телевизион ҳатто матнро ба таври дуруст ва беғалат хонда наметавонанд, ки ин ҷои тааҷҷуб ва таассуф аст.

Дар робита ба ин ҳама камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, то барои ислоҳи ин камбудиҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Аслан дар ин кори басо масъулиятнок бояд тамоми зиёиёни кишвар, хусусан муаллимон, рӯзноманигорон, донишмандон саҳми босазо дошта бошанд.
Яке аз дастовардҳо дар роҳи татбиқи сиёсати давлатӣ дар кишвар тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ба шумор меравад.

Дар барнома татбиқи давра ба давраи рушди забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.
Амалӣ гардидани ҳадафҳои ин барнома тӯли солҳои пешбинишуда ва марҳалаҳои баъдӣ барои рушди забони давлатӣ ва меъёрҳои он мусоидат хоҳад кард.

Ба хотири татбиқи фарогир ва муассири барномаи мазкур дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар роҳбарони аввали вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро вазифадор менамоям, ки амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шахсан ба ӯҳда дошта бошанд ва ҳар нимсола доир ба иҷрои қонуни мазкур ва Барномаи рушди забони давлатӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд.

Замони рушди босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ забони мо низ дар бахши луғату истилоҳот, бахусус истилоҳоти илмӣ ба меъёрҳои муосир бояд ҷавобгӯ бошад.
Чунонки аз таҷрибаи гузаштаи ҷомеаи форсизабонон маълум аст, истилоҳоти илмии асрҳои миёна асосан аз забони арабӣ ё тавассути забони арабӣ ворид мешуданд, ки ин ба мақоми забони арабӣ дар он замон иртибот дошт.

Аммо имрӯз, ки манбаи истилоҳоти илмӣ забонҳои аврупоист, лозим аст, ки бо дарназардошти мушаххасоти илмиву фановарии муосир дар бахши истилоҳот аз имконоти дохилии забон, яъне аз қолабҳои суннатии калимасозии забони тоҷикӣ истифода шавад.

Дар ин самт дар ҳама соҳаҳои истилоҳот мушкилот вуҷуд дорад, ки онҳо бояд бо мурури замон тавассути анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар бахши назария ва амалияи истилоҳот, баргузории конфронсҳо ва нишастҳои илмӣ ҳаллу фасл карда шаванд.

Танзими истилоҳот дар замони ҷаҳонишавӣ ва таъсири забонҳои дигар вобаста ба пешрафти илму техника ва технологияҳои муосир аз масъалаҳои мубрами забоншиносии мо ба шумор меравад.

Яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани забони илм ва иттилооти илмӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумаи осори илмӣ аз забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар чунин тарҷума бояд дар сатҳи академӣ бо ҷалби мутахассисони донишманди забондон сурат гирад.

Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо тавоноии забони илмро, чунонки аз аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархурдор мебошад.

Донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ дар роҳи таблиғи забони илм дар кишвар бояд фаъолтар бошанд ва дар ин кор саҳми бевосита гузоранд.
Агар мо дар бораи илми воқеии ватанӣ барои имрӯзу фардои ҷомеа бо хушбинӣ ва эътимод қазоват кунем ва насли ҷавони ояндасозро ба пайроҳаи равияҳои гуногуни илм ҳидоят намоем, бояд дониста бошем, ки ҳадафи мо ташкили илми миллӣ аст.

Дар ҳар сурат бо дарназардошти сарватҳо ва захираву манбаъҳои табиии кишвар моро лозим аст, ки бо истифода аз нерӯҳои зеҳнӣ ва марказҳои илмии сатҳи академӣ ва донишгоҳӣ дар риштаи илмҳои дақиқ ба сӯи пешрафт қадамҳои устувор гузорем.

Ба хотири таъсис ва рушди илми ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар давраи истиқлолияти кишвар дар баробари ниҳодҳои илмии собиқ мо тавонистем бо роҳи таъсиси донишгоҳҳои нав тарбияи ҷавононро барои равияҳо ва ихтисосҳои муосир ба роҳ монем.

Ин ҳама саъю талоши Ҳукумат бо вуҷуди мушкилоти кунунӣ танҳо ба хотири таъсиси марказҳои илмии тарбияи ҷавонон ва ташкили илм, бахусус илмҳои техникӣ ва омӯзиши технологияҳои муосир дар Тоҷикистон мебошад, ки ташкили филиали чандин донишгоҳҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов далели ин иқдомоти давлат ҷиҳати тарбияи мутахассисон дар дохили кишвар мебошад.

Мо имрӯз дар сатҳи академӣ ва донишгоҳӣ имконот ва заминаҳои мусоиди таъсис ва ташкили илми муосирро ба забони давлатӣ дорем ва дар ин роҳ бояд аз таҷрибаи кишварҳои дигари ҷаҳон низ истифода намоем.

Вазорати маориф, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавии илмҳо ва Кумитаи забон ва истилоҳотро лозим аст, ки бо истифода аз таҷриба ва суннати гузаштаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм дар татбиқи ин ҳадафи муҳим тадбирҳо андешанд.

Яке аз масъалаҳои мубрам танзими истилоҳоти соҳавӣ ва дар маҷмӯъ ба низом овардани истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти бахши иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолият таълифи қонунгузории миллӣ ба забони давлатӣ ҷиддан пайгирӣ шуда, дар ин самт ҳамасола таҷрибаи хуб андӯхта мешавад.

Дар баробари ин, агар ба гузашта назар афканем, хоҳем дид, ки дар рисолаҳои ҳуқуқии то даврони исломӣ ва даврони исломӣ чӣ гуна истилоҳот ва мафҳумҳои ин соҳа ба кор рафтаанд.

Мо бо огоҳӣ аз ин осор дар қолабҳои дуруст ва суннатии забони меъёр бояд истилоҳоти бахши ҳуқуқро танзим намоем. Истилоҳоти ҳуқуқие, ки ба забони мо ворид мешаванд, бояд аз рӯи меъёру қолабҳои забон баркашида шаванд.

Мутаассифона, имрӯз дар бахши истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти ҳуқуқӣ аз замони қабл аз истиқлолият истилоҳоту мафҳумҳои ба таври таҳтуллафзӣ тарҷумагардида, ки дар қолабҳои бегона рехта шудаанд, ба мушоҳида мерасанд.

Дар иртибот ба ин масъала ҳанӯз дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми апрели соли 2005 дар мавриди таҳия ва пешниҳоди қонунҳо ба забони давлатӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти ҳуқуқӣ таъкид карда будам.

Тавре аз таҷрибаи иқтибос дар забонҳои дигар медонем, ин омил набояд аз ҳадди эътидол барояд ва дар иқтибоспазирӣ имконоти фаровони дохилии забон дар қолабҳои мухталифи вожасозӣ, ки яке аз роҳҳои пайдоиши мафҳумҳо ва истилоҳоти нав мебошад, истифода шавад.

Чунин роҳ дар муқобили иқтибоси фаровони истилоҳоти бегона ба ҳувияти миллии забон осеб ворид намекунад. Ҳар як калима ва истилоҳи хориҷӣ дар қолабу савтиёт бояд ба хусусияти меъёрҳои забони адабӣ мутобиқ гардонида шавад.

Аз ин рӯ, дар танзими истилоҳоти ҳама соҳаҳо, аз ҷумла тиб, низомӣ, варзиш ва соҳаҳои иҷтимоӣ, ки дар суннати мо собиқаи дерина доранд, чунин равиш бояд ба таври яксон истифода гардад.

Дӯстони гиромӣ!

Дар бораи зарурати омӯзиши чандин забонҳои хориҷӣ дар шароити кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо таъкид намуда будам.

Дар иртибот ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳанӯз соли 2003 Фармони Президент содир шуда буд, ки бар асоси он «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» тасдиқ гардид.

Бо итминон метавон гуфт, ки дар кишварамон алоқамандони омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳамчунин забонҳои дигари Шарқу Ғарб ҳамасола меафзоянд ва теъдоди ҷавононе, ки ба омӯхтани чандин забон рағбату муҳаббат доранд, сол ба сол бештар мегардад.

Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар мактабҳои деҳот низ бояд шароит фароҳам овард, то ки ҷавонони мо аз омӯхтани чанд забони хориҷӣ баҳраманд гарданд.

Хуллас, дар роҳи омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бояд истифода кард.

Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ донистани чандин забонро ҳамеша дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамояд. Дар сатҳи зарурӣ донистани забонҳои хориҷӣ бояд шиори ҳамешагии ҳар як ҷавон ва ҳар як мутахассис, дар навбати аввал кормандони илм ва мақомоти давлатӣ бошад.

Яке аз вазифаҳои муҳим тибқи меъёрҳо ва муқаррароти байналмилалӣ дар бахши воридоти молу маҳсулот аз кишварҳои хориҷӣ тарҷума ва танзими дастурамали онҳо ва номи ин молу маҳсулот ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, Хадамоти гумрук ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо вазифадор карда мешаванд, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, онро дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ танзим намоянд.

Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст.

Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд.

Дар анҷоми сухан Рӯзи забонро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони азизамон дар хориҷи кишвар ва шумо - ҳозирини арҷманд сидқан табрик гуфта, барои ҳар як хонадон бахту саодат ва дар кору зиндагиашон сарбаландиву пирӯзиҳо орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520