Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳорот дар мавриди натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

05.10.2012 17:25, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон:

Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма, ҳонумҳо ва ҷанобон!

Ман бо хушнудии том Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путинро самимона шодбош мегӯям.

Сафари расмии Сарвари давлати Русия дар зимни 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои мо сурат мегирад.

Мо дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва тафоҳуми комил баргузор гардиданд, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиро амиқан баррасӣ намудем, мавқеи тарафайнро дар бобати рушди минбаъдаи ин муносибатҳо арзёбӣ кардем.

Натиҷаҳои музокирот дар санади муштараки сиёсӣ ифода ёфтаанд. Ин санад ҳамчунин тадбирҳои марбут ба рушди самтҳои калидии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро барои ояндаи наздик ва иқдоми моро дар ҳамгароӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муайян менамояд.

Мехостам ба таври мухтасар ба масоили зерин ишора намоям: Мо суръати рушди ҳамкории ду давлатро баррасӣ карда, перомуни густариши ҳарчи бештари тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Русия изҳори ақида намудем.

Ба кӯшишҳои муштарак дар роҳи таҳкими робитаҳои сиёсӣ низ ишора шуд.

Ҷанбаи асосии музокиротро масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо ташкил доданд.

Дар ин самт мо тасмим гирифтем, ки барои тавсеаи асосҳои иқтисодии муносибатҳои мутақобила мутобиқан бо сатҳи ҳамшарикии низомиву сиёсӣ муштаракан саъю талош намоем.

Ҷонибҳо дар бораи ҳалли созандаи масъалаҳои мубрами гидроэнергетикии минтақа дидгоҳҳои хешро баён карданд.

Дар ин робита зарур мешуморам, то бори дигар таъкид намоям, ки Тоҷикистон тибқи Оинномаи СММ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳаққи мусаллам дорад, то аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла захоири гидроэнергетикии худ ба манфиати тамоми мардум истифода кунад.

Аммо ин маънои онро надорад, ки мо соҳаи гидроэнергетикаро тараққӣ дода, фақат манфиатҳои худро дар назар дошта бошем.

Тоҷикистон дар муносибатҳои худ ҳамеша мавқеъҳои риояи мувозинати оқилонаи муносибатҳои миллию минтақавиро ба инобат мегирад.

Ин асоси амалҳои мо қарор дошта ва мо ният дорем, ки ин амалро дар оянда ҳам пеш гирем.

Мо дар ин росто борҳо ташаббусҳои минтақавию ҷаҳониро дар мавриди об роҳандозӣ намудем, ки қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии ҳамкории об» эълон кардани соли 2013 идомаи мантиқии онҳо мебошад.

Мо умедворем, ки ин сол заминаи воқеии муколамаи судманду ошкоро аз рӯи масоили мубрами об дар ҳамаи сатҳҳо мегардад.

Дар мавриди масъалаҳои дигари рӯзномаи мулоқот бояд гуфт, ки ба манзури таҳким бахшидани ҳифозати иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ мо дар бораи вақтҳои наздик ба таври мусбат ҳал намудани масъалаи тамдиди мӯҳлатҳои бақайдгирии муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамчунин эътибори иҷозатномаҳои онҳо барои кор аҳду паймон намудем.

Мо ҳамчунин дар мавриди бидуни пардохти боҷҳои интиқолӣ дар ҳаҷми истеъмоли дохилии Тоҷикистон аз Федератсияи Русия ба ин ҷо овардани маҳсулоти нафт созиш ба даст овардем.

Ба истифодаи пурраи нерӯи равобити фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳи хоса дода шуд. Тоҷикистон ва Русия дар масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ ҳам пеш рафтанд.

Мо дар мавриди он ҳамфикр будем, ки ҳамкории зич дар ин самтҳо ҷавобгӯи манфиатҳои стратегии ҷонибҳо буда, ба таҳким бахшидани суботу амнияти минтақа мусоидат мекунад.

Маҷмӯи нави ҳуҷҷатҳо аз рӯи ин падидаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи мақому шартҳои буду боши пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.

Мутобиқи онҳо, ҷониби Русия масъалаҳои такмилу таҷдиди техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва бо намудҳои муосири аслиҳа мустаҳкам гардонидани заминаи моддию техникии онҳоро ба ӯҳдаи худ мегирад.

Ҷониби Русия ҳамчунин дар тайёр намудани кадрҳо дар ин соҳа ва инчунин аз дигар ҷиҳатҳои таҳкими қобилияти мудофиавии Тоҷикистон кӯмаки худро мерасонад.

Дар рафти гуфтушунид мо оид ба ҷанбаи густурдаи масоили рӯзмарра ҳусни тафоҳум кардем, аз ҷумла дар бобати мавзуоти Афғонистон.

Ҳангоми баррасии мавзуъ оид ба ҷалби фаъоли Афғонистон ба равандҳои ҳамкории минтақавӣ назари ягона доштем.

Зикр гардид, ки ин ба паст гардидани оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии дохил шудани кишвар ба марҳилаи гузарандаи ҷадиди рушди мустақили он мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо мувофиқати комил ё наздикии дидгоҳҳоро оид ба аксарияти томи масоили минтақавиву ҷаҳонӣ муқаррар карданд. Дар фарҷом мехостам аз гуфтушунидҳои ба вуқуъ пайваста изҳори қаноатмандии амиқ кунам.

Ман муътақидам, ки ташрифи расмии Сарвари Русияи дӯст саҳифаи ҷадидро дар таърихи ғании муносиботи ин ду давлат боз менамояд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин:

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович! Дӯстони азиз! Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама мехоҳам бори дигар Президенти  Тоҷикистонро бо  зодрӯзаш муборакбод кунам! Ба ӯ тани сиҳат, бурдборӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиаш пешравиҳо хоҳонам!

Мехоҳам қайд намоям, ки сатҳи баланди муносиботи давлатӣ, муносиботи ҳамгироии стратегӣ ва ҳамкорӣ маҳз бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмон ба дараҷаи назаррас расиданд.Ӯ барои таҳкими муносибатҳо миёни давлатҳои мо бисёр корҳоро анҷом дода, талошҳоро дар ин самт идома дода истодааст. Натиҷаи он аст, ки имрӯз як қатор ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд. Ман дар ин бора ба таври мушаххас таъкид менамоям. Гарчанде Эмомалӣ Шарипович дар ин бобат ёдовар шуд.

Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни интегратсионӣ дар ҳудуди ИДМ фаъол аст, ки инро мо баҳои баланд медиҳем ва ин кӯшишҳои қавии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем.

Акнун чанд сухан оид ба натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза. Мулоқотҳо дар ҳақиқат бисёр дӯстона, самимӣ ва дар фазои корӣ ҷараён гирифтанд. Мо доираи васеи масоили муҳимро ба таври мушаххас баррасӣ намудем. Инҳо муколамаи сиёсӣ, муносиботи иқтисодӣ, ҳамкориҳои мудофиавӣ, амниятӣ ва гуманитарӣ буданд. Худи хозир, чихеле, ки шумо дидед, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои муҳими дуҷониба ба имзо расиданд. Боварӣ дорам, ки татбиқи созишҳои ба дастомада ба густариши минбаъдаи маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия набзи тозаи ҷиддӣ мебахшанд.

Ҳуҷҷати асосӣ – Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон барои 30 сол, яъне то соли 2042, мебошад. Ҳамин тавр, ин метавонад ҳимояи манфиатҳои ҳарду ҷонибро барои таҳкими амнияту суботи тамоми минтақаи Осиёи Марказиро таъмин намояд.

Дар самти муборизаи якҷоя оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мо ба созиш омадем, ки барои  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи пулӣ дар ҳаҷми 5 миллион доллари ИМА ҷудо намоем. Мо кӯмак ба Тоҷикистонро оид ба омодасозии мутахассисон барои ин Агентӣ дар макотиби олии Русия давом медиҳем. Ин кор алакай рафта истодааст ва идома хоҳад ёфт. Бояд гуфт, вақтҳои охир кор дар ин самт басо ҷоннок гардидааст.

Таваҷҷӯҳу афзалият ба дурнамои ҳамкориҳо байни ду давлат дода шуд. Моро (ман инро дар ҷараёни музокирот бо иштироки ҳайати васеъ гуфта будам) сатҳи гардиши мол, ки дар соли 2011 810 миллион доллар ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, моҳҳои январ-июн  413 миллион долларро ташкил дод, ки  қонеъ карда наметавонад. Ин албатта барои Тоҷикистону Русия кам аст.

То андозае, корҳо дар самти сармоягузорӣ беҳтар аст. Ҳаҷми сармоягузории Русия дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллард доллар, аниқтараш 1 миларду 200 миллион долларо ташкил медиҳад. Дар соли 2011 ширкатҳои мо ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 133 (133,6) миллион доллар сармоягузорӣ карданд. Нақши фаъолро дар баланд бардоштани таъсири ҳамкории иқтисодии мо, дар ташаккули фазои мусоид барои вусъати ҳамгироии равобит бояд Комиссияи байниҳукуматӣ бозад. Бо ин мақсад мо чанде қабл сатҳи ҳамраисиро аз ҷониби Русия баланд бардоштем.

Тоҷикистон дорои захираҳои бои канданиҳо ва обию энергетикӣ мебошад. Ҳамкориҳои мо дар ин самт ба он равона карда шудаанд, ки ин иқтидор ба манфиати иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон самаранок истифода шавад. Алакай, дар ин самт натиҷаҳои назаррас мавҷуданд, шумо медонед НБО «Сангтуда-1» бунёд шуда, фаъол аст, ки 15 фоизи маҷмӯи умумии истеҳсоли қувваи барқ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Корҳои геологӣ аз ҷониби «Газпром-Зарубежнефтгаз» ҷиҳати ҷустуҷӯи газ идома дошта, «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар ташкили нуқтаҳои НФС фаъол буда, яке аз калонтарин андозсупоранда дар ҷумҳурӣ аст, ки 2,2 фоизи воридоти буҷаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Имкониятҳои татбиқи барномаҳо оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои иқтидорашон миёна ва хурд дар дарёҳои дохили Тоҷикистонро баррасӣ менамоем. Эмомалӣ Шарипович имрӯз ва ҳамчунон дар доираи сафари хеш ба Москов ин масъаларо таъкид карда буд ва ин дар ҳоли коркард аст ва ин имкони татбиқро дорад.

Мисоли возеҳ ин аст, ки бобати мусоидат ба таҳкими бахши энегетикии Тоҷикистон – ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ мебошад. Мо инро ҳамчун дастгирии бевоситаи иқтисодиёти Тоҷикистон медонем.

Созиш оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи муҳоҷират ба даст омад. Ҳоло дар Русия зиёда аз миллион нафар, агар ба таври аниқ гӯем – 1 миллиону 130 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд. Мо нақша дорем мӯҳлати бақайдгирии онҳоро то 15 рӯз ва иҷозат барои фаъолиятро то 3 сол диҳем. Мо бар онем, ки ҳалли ин масъалаҳо метавонад ба бозори кори хориҷии давлати мо мусоидат намуда, вазъи бозори қувваи кори хориҷиро дар давлати мо ба танзим дарорад ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки нақшаҳои ҳаётии худро дар асоси қонунӣ ба роҳ монанд.

Таъкид мекунам, ки фоида аз муҳоҷирати меҳнатӣ акасарияти аҳолии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Интиқоли маблағ дар соли 2011 қариб 3 миллиард долларро ташкил дод. (ин ними ММД ҷумҳурист).


Равобити басо ҷоннок дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф ҳастанд. Дар Душанбе филиалҳои ДДМ ва Донишкадаи миллии татқиқотӣ-технологии МИСиС фаъоланд. Нақша дорем филиали Донишкадаи энергетики Москавро кушоем.

Ногуфта намонад, ки мо имрӯз зарурати омӯзиши забони русиро дар макотиб таъкид намудем. Ин бешубҳа ба он мусоидат мекунад, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар заминаи худ рушд карда, ҳам бо иштирокии мо ва ҳам дар ҳамроҳи бо шарикони хориҷиаш ҳади ақал дар инҷо ҷойҳои нави корӣ ба миён омада, мутахассисон аз рӯи дараҷаи сатҳи касбӣ ва маоши хуб бо ҷойи кор таъмин шаванд.  Фикр мекунам, ки мо агар корро дар ин самт чунин равон созем масоили ҷараёни муҳоҷират ин гунна тез нахоҳад шуд. Дар донишгоҳҳои Русия ҳоло 4,7 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Мо ҳавасманди ҳарчи бештари омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ҳастем, тавре гуфта будам, дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон яке аз пешсафҳо дар соҳаи маориф шудааст. Ҳоло дар ин ҷо 3,3 ҳазор донишҷу таҳсил мекунанд. Фикр мекунам, ки донистани забони русӣ метавонад сатҳи касбии шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама ҷавононро баланд бардорад ва дар ҷойгузинии онҳо ба фазои иттилоотии Русия, давлатҳои ИДМ, гирифтани маълумот ва кори хуби тахассусӣ мусоидат намояд.

Дар ҷараёни гуфтушунид мо ҳамчунин ҳамкориҳоро дар доираи ИДМ, СААД, АвруОсиё, СҲШ муҳокима кардем. Мутмаинам, ҳамоҳангии зич дар корҳои байналмилалӣ ва интегратсионӣ, аз ҷумла дар доираи иттиҳодияҳои интегратсионӣ, ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳоямон ва халқҳоямон буда, ба суботи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хизмат мекунад.

Дар охир мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи ҳайатҳо барои фазои хуби корӣ, ки барои мо имрӯз омода намуда буданд, миннатдор баён намоям.

Ба диққататон ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520