Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дар моҳи январи соли равон, ҷараёни киштукори зироатҳои кишоварзӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва беҳдошти вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф баррасӣ шуд.
Зимни баррасии нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар давоми як моҳ ба буҷети давлатӣ 490 миллион сомонӣ маблаѓ ворид шуд, ки ин 26,4 миллион аз нақша ва 128 миллион нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, баробар ба 105,7% нақша аст. Маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа саривақт ва беқарздории сохторҳои давлатӣ пардохт мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба рушди бемайлони иқтисодиёт, таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқу газ, вусъат додани киштукори зироатҳои кишоварзӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, пешгирӣ аз болобарии сунъии нархи маҳсулоти ниёзи ҳаррўзаи мардум, тақсимоти одилонаи заминҳои ҷудошуда ба аҳолӣ барои сохтмони манзил, ривоҷ додани корҳои созандагию ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити зист супоришҳои мушаххас дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи зиёд ба мушкилоти соҳаи маориф зоҳир намуда, барои ҷоннок намудани раванди таълиму тарбияи насли наврас ва таъмини иштироки пурраи хонандагон дар дасрҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.