Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Президенти Финландия Нийнистё Саули

24.10.2012 15:30, Финландия

Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехостам, ки қаноатмандиамонро аз натиҷаи гуфтушуниду мулоқотҳои навакак анҷомёфта, ки дар вазъияти барои муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия хоси амалию ҳамфикрӣ баргузор шуданд, баён намоям.

Мо онҳоро чун идомаи муколамаи эҷодкоронаи байни кишварҳоямон дар сатҳи олимақом арзёбӣ мекунем.

Мо бо ҷаноби Президенти Финляндия вазъи ҳозираи муносибатҳо ва самтҳои ояндаи имконпазири мушаххасгардонии ҳамкории ду давлатро муҳокима намудем.

Мо ҳамчунин имкон доштем, ки аз рӯи масоили мубрами ҳаёти байналмилалӣ, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, табодули афкор намоем.

Мо қайд намудем, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои онро шарикони муҳими байналмилалии худ мешуморад.

Дар робита бо ин, мо таваҷҷӯҳи хосаи худро ба рушди ҳамкорӣ бо Финляндияи дӯст, ки дар умури иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Аврупо мақоми муҳимро касб мекунад, иброз доштем.

Ҳамзамон қайд шуд, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия нерӯи зиёди истифоданашуда мавҷуд аст.

Ҷониби Тоҷикистон аҳамияти ба марҳилаи ташаккули фаъолона ворид шудани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндияро қайд карда, ба ҷонибдории истифодаи пурраи ин нерӯ изҳори ақида намуд.

Мо дар мавриди манфиатамон дар амри бо амалияи мушаххас пурра гардонидани ҳамкориамон дар соҳаҳои асосӣ ва бахши воқеии иқтисодиёт сухан рондем.

Чунин соҳаҳо, аз қабили гидроэнергетика, полиграфия, саноати сабук, хӯрокворӣ, коркард ва истихроҷи маъдан, бахши кишоварзӣ, сайёҳиро чун самтҳои ояндадор маънидод кардем.

Бо назардошти имконият мо ҳамчунин изҳор намудем, ки ҷонибдори афзун намудани ҳаҷми муомилоти мол, ҷалби сармояю технологияҳои Финляндия барои роҳандозии ҳамкории зичтар ҷиҳати истихроҷи захираҳои ғании минералиамон мебошем.

Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ҳамкориро бо Финляндия дар бахши фарҳангию гуманитарӣ густариш диҳад.

Мо дар қиёси сиёсӣ баҳри идома бахшидани ҳамкории амалии кишварҳоямон ба манзури пайдо намудани роҳҳои ҳалли масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ изҳори ақида намудем.

Ба масъалаҳои таъмини амният ва пурзӯр намудани муборизаи зидди хавфу хатари имрӯза таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.

Мо ҳангоми баррасии масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар атрофи вазъияти Афғонистон мубодилаи афкор намудем, ки он як ё наздик будани мавқеҳоямонро дар масъалаҳои муҳимтарин ва тамоюлҳои рушди ҷаҳони имрӯза нишон доданд.

Дар робита бо ин, мо қайд намудем, ки вазъияти ҳозираи Афғонистон давом додани танзими амалии саъю кӯшишҳои давлатҳои минтақа ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба манзури истиқрори сулҳ ва таҳкими суботи ин кишвар тақозо мекунад. Аҳамияти дидани чораҳои амалӣ барои эҳёи иқтисодиёти кишвар зикр гардид.

Дар ин замина изҳор доштем, ки ба давом ёфтани рушду густариши ҳамкории амалӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва универсалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА манфиатдорем.

Ҷонибҳо саъю кӯшиши мутақобиларо баҳри рушди робитаҳояшон иброз дошта, қайд намуданд, ки ҳамкориро дар масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳким бахшиданианд.

Мо дар ҳошияи ин ҳамчунин аҳамияти ба мавқеи иҷро расидани Созишномаи мушорикату ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупоро зикр намудем. Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки хоҳони иштироки фаъолонатари Финляндия дар татбиқи ин санад мебошад.

Ман ба манзури давом додани муколамаи судманди байни ду кишвар ҳамтоям, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Финляндияро даъват намудам, ки дар вақти барояш қулай ба кишвари мо ташриф орад.

Дар хотима мехостам, ки миннатдории самимонаамонро ба ҷониби Финляндия барои эҳдои шарафи меҳмони азизи сарзамини зебои Суоми буданамон, барои зуҳуроти меҳмоннавозию меҳрубонӣ иброз дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520