Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати солгарди навбатии рўзи таъсиёбии Артиши миллӣ

23.02.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Имрўз мардуми шарафманди Тоҷикистон якҷо бо шумо–генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ солгарди навбатии таъсисёбии Артиши миллии давлати соҳибистиқлоли худро дар фазои орому осоишта ва дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, ифтихор аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо муҳофизини бонангу номус ва далеру шуҷои Ватанро самимона табрик гуфта, барои заҳмати шабонарўзиатон ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва оромиву осоиши халқи бунёдкору созандаи тоҷик, садоқат ба Конститутсия, Сарвари давлат ва дигар муқаддасоти миллӣ изҳори сипос менамоям.

Имрўз мардуми заҳматқарини Тоҷикистон дар симои шумо афсарону сарбозони ҷасури меҳан ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукронаи ҳаёти осоишта барои рушду ободии он софдилона машғуланд.

Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрўз бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерўи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳайати шахсии қувваҳои Мусаллаҳ дар тўли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнагарони хиёнаткор, гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.

Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон хизмати мардонаи афсарону сарбозонеро, ки дар рўзҳои мудҳиштарини ба сари миллатамон омада ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи онҳоеро, ки барои оромии кишвар ва осоиши халқ ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша қадрдонӣ мекунанд ва пос медоранд.

Ҳамзамон бо ин, лозим ба ёдоварист, ки таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисси баланди ватандўстӣ, масъулиятшиносӣ, азму иродаи қавӣ, интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукаммали касбӣ ва зиракии доимии сиёсиро тақозо менамояд.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои Артиши миллӣ минбаъд низ рисолат ва ўҳдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ адо намуда, ҷашни бузургу муқаддаси давлатиамон- бистсолагии соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро бо сарбаландиву дастовардҳои арзандаи ҳомиёни Ватан ва фарзандони содиқи халқ истиқбол мегиранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба ифтихори санаи мубораки таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта, дар фаъолияти ҳаррўзаи душвор, вале пурифтихори хизматиашон барори кор орзу менамоям.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520