Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Навид Қамар

28.02.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Навид Қамарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоќот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳо баррасӣ шуд.

«Мо ба таҳкиму густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамчун рукни муҳими сиёсати хориҷии худ, аҳамияти хос медиҳем», - изҳор дошт дар оѓози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз навгонию таҳаввулоти мусбат дар ҳамкории ду кишвар дар солҳои ахир изҳори ќаноатмандӣ карда шуд.

ҳамкории ду кишвар дорои дурнамои умедбахш, хусусан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, наќлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва туризм арзёбӣ гардид.

Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории миёни соҳибкорони ду кишвар зоҳир карда шуд.

Дар мулоќот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520