Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

01.03.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Бекеле Гелетеро ба ҳузур пазируфт.
Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ аз робитаҳои Тоҷикистон бо Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва натиҷаҳои судманди он изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти душанбегии роҳбарони ҷамъиятҳои миллии ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказиро рўйдоди муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки он ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои марбута мусоидат мекунад.
Мусоҳибон аз ҳамкории миёни Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро аз пуштибонии бештар баҳри густариши равобити судбахши онҳо таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо шарикони дохиливу хориҷиаш дар самтҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқуллода, огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кўмаки иттилоотӣ ва омўзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, мубориза бар зидди бемории сил, беҳдошти сифати об ва таъминоти аҳолӣ бо он бояд густариш ёбад.
Бо назардошти кишвари кўҳистон будани Тоҷикистон ва осебпазирии минтақаҳои зиёди он аз офатҳои табиӣ, зиёд намудани ниҳодҳои шаҳрию ноҳиявии ҷамъияти миллии ҳилоли Аҳмар, беҳтар кардани таъминоти моддию техникии онҳо ва афзоиш додани ҳаҷми кўмакҳо ба аҳолии ниёзманд, хусусан ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда зарур шумурда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои марбут ба пайомадҳои таѓйирёбии иқлим пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон Маркази минтақавии ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ созмон дода шавад.
Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасамандии худро ба густариши ҳамкорӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520