Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ доир ба вазъи таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ

07.04.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат доир ба вазъи таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ машварати корӣ доир намуд.

Доир ба ин мавзўъ гузориши Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки сабаби асосии норасоии нерўи барқ паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳҳои марту апрел, кам гаштани ҳаҷми оби дарёи Вахш ва ба ҳадди бўҳронӣ поён омадани сатҳи об дар обанбори нерўгоҳи Норак аст. Чунонки зикр гардид, то ба ин ҳадд номусоид омадани обу ҳаво дар фасли баҳор ва боло нарафтани ҳарорат аз солҳои 30 асри гузашта бори нахуст ба назар мерасад. Таъкид гардид, ки вазъи барқтаъминкунӣ дар мамлакат танҳо дар ҳолати аз 25-30 дараҷа боло рафтани гармии ҳаво беҳтар мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки барои беҳ намудани вазъи барқтаъминкунии аҳолӣ аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда истифода баранд. Аз тамоми истифодабарандагони нерўи барқ даъват карда шуд, ки аз он сарфакорона истифода баранд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки овозаҳои иғвоангези дар миёни мардум паҳншаванда, ки гўё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ба Ҷумҳурии Исломии Покистон нерўи барқ мефурўшад, ҳеҷ асоси воқеӣ надорад, зеро айни ҳол миёни Тоҷикистону Покистон хатти интиқоли нерўи барқ вуҷуд надорад.

Ба роҳбарияти сохторҳои масъули давлатӣ дастур дода шуд, вазъи мавҷударо ба мардуми шаҳру навоҳӣ ва деҳоти кишвар дуруст фаҳмонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520