Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов

27.01.2013 09:40

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳамедов,

Бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба ман имконияти гуворо медиҳад, ки табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринамро ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми бародари туркман ирсол дорам.

Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият кишварҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкориҳои байнидавлатии худ, бо ҳамгиройии фаъол дар арсаи байналмилалӣ, кӯшиш мекунанд.

Имрӯз, дар идомаи анъанаҳои хуби муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобилаи халқҳоямон, ки решаи амиқи таърихӣ доранд, муносиботи Тоҷикистону Туркманистон динамикаи баланди рушд дорад.

Дар андозагирии сиёсӣ миёни кишварҳои мо дар асоси принсипҳои ошкоро, боварӣ ва дастгирии мутақобила муколимаи доимӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчун элементи асосии муносиботи муосири байнидавлатӣ ҳамкориҳои иқтисодии гузошташудаи Тоҷикистону Туркманистон мунтазам густариш ёфта, робитаҳоро дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таҳким мебахшанд».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520