Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов

27.01.2013 09:42

Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шарафмандам, ки аз номи халқ ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишвари Шуморо самимона бо беҳтарин таманниёт ба муносибати 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистони шодбош гӯям.

Дар ин давра робитаҳои дӯстонаи мо самаранок рушд ёфта, мунтазам густариш меёбанд. Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди кунунии равобити миёни кишварҳоямон, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба марҳилаи наверо касб кардаанд.

Боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳи дуҷониба дар густариши минбаъдаи муколима ва ҳамгироӣ дар ҳамаи соҳаҳо, дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми ҷонибҳо ва дӯстии манфиатноки дуҷонибаи халқҳои Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд.

Имрӯз кишварҳои мо ба таври васеъ муваффақона ҳамкорӣ менамоянд ва мо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибае, ки ҷавобгӯи ҳавасмандии дарозмуддати кишварҳоямонанд, аҳамияти калон медиҳем.

Робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ба таври динамикӣ рушд ёфта, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз бисёр ҷиҳат мусоидат мекунанд.

Робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф бомуваффақият рушд мекунанд, ки омили асосии ба ҳам наздик сохтани халқҳои ду давлат, таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми онҳо мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Халқҳои давлатҳои моро бисёр чизҳо алоқаманд ва ба ҳам наздик мекунанд, моро таърихи муштарак ва анъанаҳои неки сулҳхоҳона муттаҳид мекунад. Туркманистон азм дорад, ки минбаъд низ таҷрибаи даврони гузаштаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни давлатҳоямонро таҳким бахшад.

Мутмаинам, ки муносиботи миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам ба манфиати халқҳоямон рушд хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, иҷозат диҳед ҷиҳати таваҷҷуҳи хосаатон, ки ба ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон нигаронида шудаанд, изҳори сипос намоям ва аз таҳти дил ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои нав ва ба халқи дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоӣ орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520