Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохўрӣ бо намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа

08.04.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа доир ба ҷамъбасти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохўрӣ намуд.

Дар машварат роҳбарону масъулини вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсию созмонҳои ҷамъиятӣ, аҳли зиёи кишвар ва беш аз ҳама ҳуқуқшиносони маъруф иштирок намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии таҳлилии худ аз натиҷаҳои муҳокимаи васеи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз 14 декабри соли 2010 оғоз ёфта, то кунун идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Бо хушҳолӣ зикр гардид, ки хеле фаъол будани мардум дар муҳокимаи ин лоиҳа аз зарурати таҳия ва қабули он ва ҳавасмандии аҳолӣ башорат медиҳад.

Тавре зикр гардид, ҳангоми муҳокима 80 мақомоти давлатӣ, садҳо корхонаю муассиса ва дигар ташкилот, инчунин 11 ҳазор шаҳрванд ба таври хаттӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва дигар сохторҳои масъули давлатӣ таклифу пешниҳодоти худро баҳри мукаммал намудани лоиҳаи қонуни мазкур манзур намуданд. Таклифу пешниҳодҳои зиёди дигар аз тариқи радиову телевизион ва дигар расонаҳои ахбори умум ба миён гузошта шуданд.

Аз таҳлили Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки умуман, дар муҳокимаи лоиҳаи қонун зиёда аз 2 миллион шаҳрвандони мамлакат иштирок намудаанд. Дар ин муддат 15 ҷаласаи гурўҳи корӣ баргузор гардид, ки дар онҳо ҳамаи таклифу пешниҳодоти воридгардида мавриди омўзишу муҳокима қарор гирифт. Беш аз 8000 таклиф пурра ё қисман мақбул дониста шуда, бо назардошти онҳо лоиҳа такмил ёфт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар маҷмўъ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳия ва қабули чунин қонун аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Таъкид гардид, ки таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷрибаи нахустин дар ҷаҳон аст. Аз ин хотир, ин дувумин қонуни миллии Тоҷикистон номида шуд, ки бе намунаву таҷрибаи мавҷуда таҳия гардида, мавриди омўзиш ва баҳрабардории дигар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба масъулияти муқаддаси падару модар дар тарбияи фарзанд ишора намуда, аз ҷумла бо ёдоварӣ аз ривоятҳои саҳобагон таъкид дошт: «ятим на он аст, ки падараш аз байн рафтааст, балки онест, ки аз илму адабу ахлоқ бебаҳра мемонад».

Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки дар ягон моддаи лоиҳаи ин қонун ҳеҷ меъёр барои ҷазодиҳии падару модар муқаррар нашудааст, зеро ҳадафи асосӣ аз он танҳо бедор намудану баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд аст.

Сипас Мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов лоиҳаи такмилёфтаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро қироат намуд. Дар ҷараёни қироат ва муаррифӣ моддаҳои алоҳидаи он мавриди муҳокима ва андешарониҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли нишаст қарор гирифт. Аз ҷумла, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов изҳори боварӣ намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба манфиати давлату миллат хизмат намуда, ҳамзамон мавриди омўзиш ва пазириши дигар кишварҳо қарор хоҳад гирифт.

Дар ҷамъбасти вохўрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки меъёрҳои лоиҳаи ин қонун ифодакунандаи хусусиятҳои хоси давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад ва таъкид намуд, ки он «ба наслҳои имрўзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст, зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба ўҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт». «Аз ин хотир, - таъкид гардид дар фароварди сухан, - вазифаи муқаддаси мо ба камол расондани насли ҳамаҷониба солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, нерўманд ва миллатдўсту меҳанпараст мебошад».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520