Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк

12.04.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дўстӣ ва ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор буда, ба таҳкими муносибот бо ин кишвар таваҷҷўҳи пайваста зоҳир менамояд», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Роберт Блейк аз номи роҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақши созанда ва суботбахши Тоҷикистон дар минтақа, хусусан дар самти барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва эҳёи иқтисоди ин кишвар баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти кишвар арзи сипос намуд.

Доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, кўмаки умумӣ, мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои асри муосир, пеш аз ҳама терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Аз самараи ҳамкорӣ миёни сохторҳои сиёсӣ, низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии техникии мақомоти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва иштироки Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ матлуб дониста шуд.

Ҳамчунин доир ба дурнамои вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа, ҷустуҷўи роҳҳои иқтисодию иҷтимоии таъмини субот дар ин кишвар ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520