Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нома ба Президент

20.02.2013 12:55

Ёқубов Эҳсонҷон аз ш. Харков

Салому дуруди бепоён ва меҳру муҳаббати самимона ба Шумо Қаҳрамони Тоҷикистон, пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Иҷозат фармоед, ки Шумо, азизтарин марди дунявиро бахшида ба 60-солагии ҷашнвораи тиллоиятон аз сидқи дил табрик намуда, ба Шумои бузургвор аввало сиҳатию саломатии бардавом, умри дарози саъдиёна, хушрӯзию хушбахтиҳои беканор, сарбаландию сарфарозиҳо, дар корҳои давлатию сиёсати пештирифтаатон комёбиҳои беназирро аз даргоҳи яздони пок пурсону ҷӯёнам.

Фазой софу беғубор, пешрафту тараққиёт ва ва садҳову ҳазорҳо навовариҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба назар мерасад, зимни ҳадафу талошҳои зиёди Шумои бузургвор ба даст омадааст. Ба Шумои азизтарин сари таъзим фуруд меоварам ва бо иҷозати Шумо рӯи нурониатонро зиёрат намуда, аз даргоҳи Худованди Карим орзуи онро дорам, ки умри дароз бинеду як умр Сарвари давлати Тоҷикистон, президенти кишвар монед.

Ман Шуморо бори дигар аз номи худам ва аз номи тамоми тоҷикони аз ватан дур табрик мегӯям.

                       ШУКРОНА
                                             Шеъри Назарова Ҷумъагул

Сад шукри Худой, ки бидод руҳу равонам,
Шукронаи тоҷик буданам, шукри забонам.
Сад шукри ниёкони зи худ монда тамаддун,
Шукри ҳама имрӯзбудаҳо, насли ҷавонам.

Сад шукр, сад шукр, сад шукр, сад шукр,

Шукронаи ин мардуми пурғайрату шерам,
Шукронаи ин сарвари нотарсу далерам,
Шукри Ватанам, обу гилаш, мазраи покаш,
Шукронаи ҳар дам, ки дар он осуда гирам.

Сад шукр, сад шукр, сад шукр, сад шукр.

Шукронаи шеди саҳару мурғи чаманзор,
Шукри хиради мардуми фарзонаи бедор.
Шукронаи ҳар луқма, ки додаст худованд,
Шукронаи ин миллати сарҷамъу ватандор.

Сад шукр, сад шукр, сад шукр, сад шукр.

                                          

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520