Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд.
Зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбарон ва ҳамаи ҳайати шахсии ин сохторҳо ва ҳамчунин ҳар як нафаре, ки дар амалиёти зидди дастаи террористии байналмилалӣ Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) иштироки фаъол намуданд, аз номи худ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ намуд.
Таъкид гардид, ки амнияту суботи пойдор асоси ҳама гуна пешрафту тараққиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа аст ва онҳое, ки барои ҳифзи ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар заҳмат мекашанд, пайваста мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар, ҳамчунин доир ба таҳкими минбаъдаи амнияту субот ва пурзўр намудани мубориза бо унсурҳои ҷиноӣ дастуру ҳидоятҳо дод.