Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев

19.04.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия, Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчўби ин созмон баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии имсолаи сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки тирамоҳи соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 20 – уми таърихи мавҷудияти ин созмон хотирмон хоҳад буд. Таъкид гардид, ки ба души Тоҷикистон вогузор шудани раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солгарди 20 – уми созмон нишонаи нуфузу эътибори баланди ин кишвар дар иттиҳод мебошад.

Сергей Лебедев ба рафти раёсати кишвари мо дар ИДМ баҳои баланд дода, аз ҷумла иброз дошт, ки «Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри иҷрои ин вазифаи пурмасъулият хеле фаъол ва босамар ба роҳ мондааст».

Доир ба рафти татбиқи Консепсияи рушди иқтисодии ИДМ ва таҳияи Барномаи ҳамкории инноватсионии ИДМ барои то соли 2020, ки аз мавзўъҳои асосии ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳо хоҳанд буд ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520