Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамоҳангсози нави доимии Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев эътимоднома кабул намуд.
Зимни суҳбат, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор шуд, масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «кори онҳо ба таҳкими амнияту субот дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мусоидати фаъол менамояд».
Гуфтугўи судманд доир ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон, ки кишвари пешқадами озмоишӣ дар ин самт аст, сурат гирифт. Мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба рушди маорифу тандурустӣ, ба манзури афзалиятнокии ин соҳаҳо, роҳи асосии расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола арзёбӣ гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба бартарафсозии мушкилу монеаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ аз қабул шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 изҳори боварӣ карда шуд, ки мушкилоти минтақавии Осиёи Марказӣ бо роҳи гуфтугўи созанда ва ҳамкорӣ ҳаллу фасл мешаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон, таҳкими мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзуоти мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.