Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Фестивали ҷумҳуриявии кўдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда-2011»

01.06.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон қисмати ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии кўдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда-2011» баргузор гардид.

Дар саҳни ҳавлии Кохи Борбад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро кўдакону наврасони варзишгар аз бахшҳои карате, таэквондо, гимнастика ва дигар ҳунармандони наврас истиқбол гирифтанд.

Дар ду паҳлўи даҳлези дарози даромадгоҳи Кохи Борбад маҳсули ҳунари кўдакону наврасони эҷодкору ихтироъкор ва ҳаваскорони навраси санъати шеъру сурудхонӣ ва навозандагӣ ба маъраз гузошта шуда буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули эҷоди мактаббачагони хушлаёқату соҳибистеъдод бо онҳо аз наздик сўҳбат намуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор барои дастгирии минбаъдаи онҳо ва муҳайё намудани шароити зарурии таълиму тарбия супоришҳои мушаххас дод.

Намоишгоҳи маҳсули эҷоди рассомони хурдсолу наврас низ, ки дар қабати дуюми даҳлез ҷойгир буд, басо ҷолибу назаррабо буд, зеро дар нигораҳои онҳо табиати биҳиштосои Тоҷикистон, рамзҳои ифтихории давлати соҳибистиқлоли мо ва дигар арзишҳои фарҳангию табиӣ зебою дилкаш инъикос ёфтаанд.

Сипас дар толори калони Кохи Борбад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таваҷҷўҳи аҳли толор ва кулли ҷомеаи кишварро ба масоили таълиму тарбияи сазовори насли наврас, бо барномаҳои махсуси омўзишу парвариш фаро гирифтани кўдакону наврасони хушлаёқату соҳибистеъдод ҷалб намуд.

Таъкид гардид, ки барои омўзишу парвариши сазовори насли имрўзу оянда тамоми мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва қабл аз ҳама падару модарон бояд аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода намоянд, то ки кўдакону наврасон аз илмҳои замона ва пешрафту тараққиёти босуръати техникаю технологияҳои муосир бебаҳра намонанд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, кўдакону наврасони хушзавқу салиқа ва дорои истеъдоди худододу табиӣ бояд аз ҷониби калонсолон, падару модарон ва масъулини сохторҳои марбутаи давлатию ҷамъиятӣ гулчин шуда, тибқи нақшаю барномаҳои алоҳида мавриди омўзишу парвариш қарор бигиранд.

Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба пешгирӣ аз зўроварию хушунат нисбати кўдакон, ҷинояту қонуншиканиҳо дар миёни ноболиғон ва ба роҳи омўзиши илму ҳунар ҳидоят намудани кўдакону наврасон зоҳир гардид. Аз ҷумла таъкид гардид, ки падару модарон ҳаргиз ба таҳсили фарзандон дар мактаб бояд монеъ нашаванд, баръакс масъулияти худро дар таълиму тарбияи онҳо ба таври шоиста адо намоянд.
Сипас қисмати ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии кўдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда-2011», ки ба истиқболи Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҳия гардидааст, намоиш дода шуд.

Тавре аён гардид, кўдакону наврасони соҳибистеъдоду соҳибҳунар ба ин намоиш омодагии ҷиддӣ дида, онро бо завқу салиқаи баланд таҳия намудаанд.
Зимни ин намоиш даҳҳо истеъдодҳои хурдсолу наврас, ки дар олами беканори ҳунар қадамҳои нахустин вале хеле устувору бобарор мегузоранд, пайдо шуданд.

Завқу салиқаи баланд, ҳунари воло, ҳисси пухтаи ватандўстӣ ва ифтихору сарфарозии онҳо аз давлатдории миллии тоҷикон аҳли толорро ба ваҷд овард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ аз завқи баланди ҳунармандони хурдсол ба ваҷд омада, эълом дошт, ки дари тамоми муассисаҳои таълимии соҳаҳои санъат, фарҳанг, мусиқӣ ва радиою телевизион барои чунин ғунчаҳои наврустаи соҳибҳунар ҳамеша кушодаанд. Ба роҳбарони сохторҳои масъули ин соҳаҳо дастур дода шуд, ки кўдакону наврасон ва мисли инҳо ҳунармандони хурсолро бо омўзишу парвариш фаро гирифта, ҳунари волои онҳоро дар миёни аҳли ҷомеа тарғиб намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520