Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии мардумии Чин Лю Кэтсин

20.06.2013 18:36, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии мардумии Чин Лю Кэтсинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистону шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар доираи бародаршаҳрии Душанбею Сямен баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таассуроти наку ва натиҷаҳои боздиди худ аз ин шаҳр, ки моҳи июни соли 2012 сурат гирифта буд, ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои ду ҷониб судбахш хоҳанд буд. Таъкид гардид, ки муносиботи ба сатҳи стратегӣ расидаи Тоҷикистону Чин барои густариши ҳамкории гуногунҷанба заминаи мусоид эҷод намудааст.

Лю Кэтсин иттилоъ дод, ки барои барпо намудани робитаҳои мустақими созанда ӯро дар ин сафар, ҳамчунин як гурӯҳ соҳибкорони бонуфузи шаҳри Сямен ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимни суҳбати самимӣ доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520