Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Свен Алкалай

21.06.2013 11:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Свен Алкалайро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба об, ки моҳи августи соли равон таҳти васоёи СММ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ин конфронс ва чорабиниҳои зиёди дигари байналмилалию минтақавӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ эълон шудааст, баргузор мегарданд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи босамари ҳадафҳои Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ - СПЕКА сурат гирифт. “Мо ҷонибдори татбиқи минбаъдаи авлавиятҳои ин Барнома ҳастем, вале, мехоҳем, ки фаъолияти он бештар шаклҳои мушаххасро пайдо намуда, самараноктар бошад”, - изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон, роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520