Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:
Ҷалолатмаоб,
Хабари ҳузнангези ҳалокати фоҷиавии бародари азизи Шумо Аҳмад Валӣ Карзайро бар асари сўиқасди террористӣ бо андўҳи бузург дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории ду давлат дар мубориза алайҳи нерўҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ ва дигар хатару чолишҳои ҷадиди минтақа ва ҷаҳони муосир бори дигар таъкид менамоям.
ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Шумо ва аъзои оилаи бародари марҳуматон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам. Худо ҷояшро ҷаннат ва маъвои охираташро пурнур гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.