Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара

16.10.2013 16:49, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожараро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲА ва дурнамои он баррасӣ шуд. Аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар се самти асосии фаъолияти САҲА – сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ва ҳам гуманитарию дигар самтҳо изҳори қаноат карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, аз ҷумла дар вобастагӣ бо вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва мушкилу монеаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.

Леонид Кожара изҳор дошт, ки бо назардошти мавқеи стратегии Тоҷикистон дар ин минтақа САҲА, аз ҷумла дар давраи раёсати Украина дар он, аз нақшаю тадбирҳои судбахши кишвари мо пуштибонӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520