Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри китоби “Ҷараёни озод” (free flow) аз тарафи ЮНЕСКО

17.10.2013 13:17, шаҳри Душанбе

Аз ҷониби бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО таҳти унвони Ҷараёни озод (free flow) китоби мусавваре ба нашр расид, ки ба натиҷаҳои Конфронси имсолаи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин конфронс рӯзҳои 20 ва 21-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 1000 нафар намояндагони воломақом аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бешумори минтақавию ҷаҳонӣ баргузор гардида буд.

Дар ин китоб натиҷаҳои пурарзиши ин конфронс ва умуман баррасии байналмилалии масоили ҳалталаби вобаста ба таъмини дастрасии аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ инъикос ёфтааст. Ба нақши махсус ва намоёни Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки чун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.

Чунин таваҷҷуҳ ба мақом ва нақши Тоҷикистон дар ин ҷода табиист, зеро маҳз бо ташаббуси кишвари мо соли 2003 чун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардид. Тибқи нақшаҳои байналмилалӣ, ки аз ду ташаббуси охири Тоҷикистон бармеоянд, ҳоло дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барномаҳои гуногуни вобаста ба таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва чорабиниҳои сершумори минтақавию ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд.

Санадҳо, пешниҳодҳои зиёд ва ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ дар соҳаи об, ки зимни конфронси душанбегии байналмилалии сатҳи баланд қабул ва пешкаши ҷаҳониён гардидааст, дар як маҷаллаи мусаввар ба нашр расид, ки он низ инъикосгари нақши намоёни Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520