Дар тарабхонаи боғи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хайрияи туйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъона иштирок намуд.
Дар ин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 10 ҷуфти ҷавони навхонадор ва 150 кӯдаки хатнашаванда кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аз кумаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин 328 кӯдаку навраси аз падару модар ятиммондаи 7 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бархӯрдор гардид.