Маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи барвақт дар фазои орому осуда ва бо дилгармию фараҳмандии марудум оғоз ёфт.
Аксари мардум бо ҳисси масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва барои муайян намудани раъйи худ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯйи участкаҳои интихоботии маҳалҳои иқомати худ шитоб мекарданд.
Дар участкаи интихоботии рақами 16-и ҳавзаи интихоботии рақами 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки ҳамчунин маҳалли иқомат ва овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аст, аз субҳи барвақт намояндагони зиёди нозирони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори ватанию хориҷӣ ба кор шурӯъ намуданд.
Котиби генералии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Рушайло ба ҷараёни омодагӣ ба интихобот ва оғози он баҳои мусбӣ дод.
Наздики соати нӯҳи субҳ ба участкаи интихоботии мазкур Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои иштирок дар интихоботи роҳбари давлати Тоҷикистон ташриф овард.
Эмомалӣ Раҳмонов ба интихобот дар ҳамроҳӣ бо фарзандони хурсоли худ Фарзонаю Сомонӣ бо рӯҳи болидаю идона омад ва интихобкунандагону дигар мардуми ҷамъомадаро аввал бо рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз аз қабули он 12 сол пур шуд, табрику таҳният гуфт.
Баъди овоз додану мавқеи худро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудан Эмомалӣ Раҳмонов ба суолҳои сершумори хабарнигорони дохилию хориҷӣ посухҳои озоду ошкоро ва мукаммалу пурмӯҳтаво дод. Саволу ҷавоби хабарнигорон бо Эмомалӣ Раҳмонов бо суоли "Шумо ба кӣ овоз додед?", оғоз ёфт. "Ман барои пойдории сулҳу суботи Тоҷикистон, пешрафти мамлакат ва таъмини ҳаёти шоистаи мардум овоз додам", гуфт дар ҷавоб ба ин суол Эмомалӣ Раҳмонов.
Президенти амалкунандаи мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон оид ба ҷанбаҳои гуногуни сиёсати имрӯзаи дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар сурати ғалабаи ӯ ин сиёсат идома хоҳад ёфт. Аз ҷумла дар арсаи байналмилалӣ сиёсати дарҳои кушода ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои ҷаҳон, ки имрӯз татбиқ мегардад, бетағйир боқӣ хоҳад монд. Барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат низ идома меёбанд ва дар сурати татбиқи бобарори онҳо баъд аз панҷ соли дигар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар куллан тағйир хоҳад ёфт ва мардум ба сатҳи сифатан нави зиндагӣ хоҳад расид.