Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи воридшавии табрикоти мардум

19.11.2013 15:20

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Саидов Фирдавс
Ҷойи кор: ККВД Автобус-1
Суроға: ш. Душанбе, кучаи Спорт 5
Рақами телефон: 93 500 28 44
E-mail: firdavs.saidov.70@mail.ru


Ба Ҷаноби Олӣ,
Президенти Ҷумхурии Точикистон,
мухтарам Эмомали Рахмон.

Коллективи корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1"-и шаҳри Душанбе Шуморо ба муносибати пирӯзии мутлақ дар интихоботи шаффофи Президенти мамлакат табрику муборакбод намуда, ба Шумо тансиҳатии комил, сарбаландӣ, саодати зиндагӣ ва дар ҷодаи сарварии давлатӣ Тоҷикон дастовардҳои беназирро таманно дорем.
Бо камоли эҳтиром
директори ККВД "Автобус-1"
Саидов Фирдавс

Мавзӯъ: Tабрикнома
Ному насаб: Ҳотамов Наврӯз
Ҷойи кор: Аспиранти Донишгохи Осака
Суроға: 3-16-20 Хотаругаике, Осака, Ҷопон
Рақами телефон: +8180-3838-4676
E-mail: navruzkhotamov@yahoo.com


Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Ман шуморо бo муносибати интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумухрии Тоҷикистон муборакбод менамоям. Умедворам,ки ин табрикномаи номаи ман ба шумо мерасад. Суханҳои зиёд гуфтан мумкин оиди муваффақият дар сиёсати роҳбарии шумо, оиди ҳамаи амалҳои неке, ки Шумо барои Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон кардаед.
Аммо ман ин фурсатро истифода бурда, мехоҳам миннатдории шахсии худро баён кунам. Ҳоло ман дар яке аз беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон, Донишгоҳи Осака, ки дар шаҳри Осакаи Ҷопон мебошад, таҳсил менамоям. Ман, барои ин фурсатро ба ман фароҳам овардан,ба шумо миннатдорам. Маҳс бо ташабусси Шумо, дар Тоҷикистони мо шароитҳои хуби таҳсил кардан: сулҳу амони, ваҳдат, мактабҳои хуби байналхалкӣ, муносибатҳои хуб бо кишварҳои чаҳон, шартономаҳо дар соҳаи маориф бо кившарҳои пешрафтаи дунё ва дигар омилҳое, ки барои илми хуб пайдо кардан заруранд, фароҳам оварда шудаанд. Ман дар Донишгоҳи Осака бо стипендияи Ҳукмати Ҷопон таҳсил менамоям, ва ин низ натиҷаи сиёсати хуб ва амали хирадмандонаи Шумо мебошад.
Ташаккури зиёд, Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ.
Бо камоли эҳтиром,
Ҳотамов Наврӯз
Аспиранти Донишгоҳи Осака
Осака, Ҷопон


Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Абдулло Абдулхолик Мухаммад Назир
Ҷойи кор: Арабистони Сауди, шахри Риёз
Суроға: Арабистони Сауди, шахри Риёз
Рақами телефон: 915514055
E-mail: jpayvand@mail.ru


Табрикот
Ба Ҷаноби Олӣ, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Эмомалӣ Раҳмон
Табрикотро барои Ҷаноби Олӣ тақдим медорем. Худо кунад, ки алейк ва қабул фармоед ва сиҳату саломатӣ ва бурдбории Шуморо аз даргоҳи Худованди Бузург таманно дорем. Мо аз тариқи телевизионҳо дидем, ки Шумо бо интихоботи шаффофу демократӣ ва одилона муҷаддадан ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудед ва интихоби Шумо баёнгари дӯстдории Шумо миллатро ва миллат Шуморо аст, ки ин ҳамеша буд ва ҳаст. Ва мо тоҷикони бурунмарзӣ аз ин иқдом ва ин интихбони Шумо хеле шоду хурсандем ва умедворем, ки Шумо ҳамеша сарвари мо – тоҷикони ҷаҳон бошед.
Бо эҳтироми зиёд,
Ҳоҷӣ Абдулло- намояндаи тоҷикони бурунмарзӣ аз Арабистони Саудӣ


Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Саидов Ҷамшед
Ҷойи кор: Раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Суроға: ш. Душанбе, кӯч. Фирдавси, 8
Рақами телефон: 918 66 81 71
E-mail: hhdt-dushanbe@mail.ru


Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

Ҷаноби Олӣ, бо самимият ва муҳаббати ҳамешагӣ бори дигар ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шаффоф аз ҷониби халқи шарифи Тоҷикистон интихоб шудани Шуморо табрик намуда, бароятон тани сиҳату умри дарози бобаракат ва дар роҳи пиёда намудани армонҳои миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ки сармеъмору асосгузори он ҳастед, комёбиҳои беназир таманно дорем.
Имрӯз беш аз 30 ҳазор аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ҷонибдорону сокинони пойтахт сарфарозӣ аз он доранд, ки бори дигар аз ҷониби аксарияти мутлақи шаҳрвандони кишвар якдилона пазируфтани Шумо далели рушани садоқату дӯстдории мардум ва арҷгузорӣ нисбати хидматҳоятон дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз аст.
Тағйироту пешрафт ва тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ дар саросари кишвар, бахусус дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе бавуҷудомада, ба фаъолияту талошҳои пайгиронаи Шумо иртиботи ногусастанӣ доранд. Душанбе чун пойтахт ба таври ҳамешагӣ макони тавлиди иқдомҳои наҷибу созанда ва гаҳвораи камолоти сиёсати хирадмандонаи дохилию хориҷии Шумо буда, роҳбарият ва бошандагони он бо таваҷҷуҳи хоса баҳри татбиқи амалии онҳо талош меварзанд.
Пирӯзии Шумо дар интихобот, ин ғалабаи комили хирадмандӣ ва заковати мардуми тоҷик буда, шаҳодати бетафовут набудани онҳо нисбати имрӯзу фардои хеш аст.
Дар гузашта, имрӯз ва дар оянда низ интихоби пойтахт – Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.
Ҷаноби Олӣ, тансиҳат ва баракати умри Шумо бақои давлату миллат аст.
Бахт ҳамеша ёратон ва Худованд мададгоратон бод! Пирӯзӣ муборак!
Бо камоли эҳтиром,
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ҷамшед Саидов


Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Хуҷаназари Аминиён
Ҷойи кор: Сармуҳаррири Ахбори Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон
Суроға: ш. Душанбе к. Юсуф Вафо-79
Рақами телефон: 93-500-11-09
E-mail: aminov.hujanazar@mail.ru


Муҳтарам Ҷаноби Олӣ.
Шуморо ба муносибати бори дигар ба мақоми баланди давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон аз самими қалб табрику муборакбод мегӯям. Дар интихоботи озоду шаффоф ва ба тариқи алтернативӣ Президенти Тоҷикистон интихоб шудани Шумо нишонаи баланди дастгирии мардум нисбат ба кору амали некатон ва меҳнати фидокоронаю заҳматҳои кашидаи Шумо дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Боварии комил дорем, ки кулли мардуми Тоҷикистон пирӯзии Шуморо дар интихоботи Президенти Тоҷикистон дастгирӣ хоҳанд кард ва дар партави сиёсати пешгирифтаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ садоқатмандона кору фаъолият менамоянд. Пирӯзии Шумо пирузии тамоми сокинони мамлакат ба рушди ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ба Шумо комёбӣ ва дар фаъолияти пурсамаратон пешравию шукуфоиро таманно менамоям.


Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Ҷумаев Музамбил
Ҷойи кор: Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона
Суроға: н. Шӯрообод, д. Навобод
Рақами телефон: 907761819
E-mail: muzambil77@mail.ru


Салому алейкум муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Ман Шуморо барои бори дигар Президенти Ҷумҳурии азизамон интихоб шуданатон табрик намуда, ба Шумо умри дароз, сиҳат саломатӣ ва қувваю иродаи бузург таманно дорам. Бори дигар мардуми тоҷик собит намуд, ки Шумо барои мо шахси даркорӣ ва зарурӣ мебошед. Ман дар яке аз участкаҳои интихоботии ноҳияамон аъзо будам. Интихобот бо тамоми қонуну қоидаҳои Ҷумҳуриамон гузашт ва мардум 96 фисад ба ҷонибдории Шумо рай доданд. Ман шахсан аз ин интихоби мардум хело хурсанд шуда, хостам дили худро бо ин нома холӣ намоям. Шумо Сутуне барои мардуми тоҷик ҳастед, ки бидуни Шумо қомати ин халқ паст мешавад. Бори дигар аз самими қалб табрик, Фарзанди бо ору номуси миллати тоҷик!

Мавзӯъ: Табрикот аз номи донишчуёни шахри Турин
Ному насаб: Иномов Беҳруз
Ҷойи кор: Донишҷӯ
Суроға: via Pietro Pomponnazzi,11, Turin, Italy
Рақами телефон: +393389726617
E-mail: behruzinomov@gmail.com


Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии худ ва донишҷӯёни шахри Турини давлати Итолиё ба Шумо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.
Маҳз баракати Шумо Ҷаноби Олӣ аст, ки мо ҷавонон дар сояи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизам нафаси тоза мекашем ва дар мақомотҳо давлатӣ кор карда, аз сиёсати пешгирифтаи Шумо ҳамеша дастгирӣ хоҳем кард. Орзу мекунам, ки баҳори зиндагии Шумо ва Тоҷикистони азизам ҳеҷ хазон нагардад ва ҳамеша мардумаш дар зери раҳбарии Шумо озод ва сарбаландона зиндагӣ кунанд.
Мо донишҷӯён ваъда медихем, ки ба ватани азизи худ баргашта, тамоми умр хизмати содикона хохем кард.
Ман худ дар сохаи барномарези тахсил карда истодаам, ваъда медихам, ки хамин сохаро дар Точикистони азизамон пеш хохам бурд. Ин карзи хар як донишҷӯёни берун аз Точикистон тахсил карда истода мебошад.
Мо хамеша дуогӯи ҳамешагии тансиҳатӣ, умри дарози пурбаракат, муваффақиятҳои беназир ва сарбаландии Шумо ҳастем муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!
 

Мавзӯъ: Номаи табрикотӣ
Ному насаб: Сабоҳаттин Гунай
Ҷойи кор: Раиси ҷамъияти таълимии ‘’Шалола’’, Мудири кулли литсей – интерн
Суроға: Рӯдакӣ 145. шаҳри Душанбе
Рақами телефон: +992 37 2289182-85
E-mail: info@shelale.tj


Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ,
Бо арзи эҳтироми бепоён Шуморо ва тамоми мардуми накӯиқболи Тоҷикистони азизро ба муносибати бори дигар интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихор, шодмонӣ ва сарфарозӣ табрик менамоем. Раъйи комили интихобкунандагон ва ихлосу муҳаббати беназири мардуми Тоҷикистон нисбат ба Шумо худ далели барҷастаи он аст, ки халқи тоҷик Шуморо барҳақ сарвари одилу ғамхори худ медонад. Обрӯву эътибори баланди Шумо дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори миллати тоҷикаст. Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар раванди таъмини сулҳу субот, ки нишонаи равшани ризоияти саросари ҷомеа ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, ба вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихор аз миллату давлати хеш, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ба муттаҳидӣ даъват намудани мардум нақши муассир доштед ва ин хизматҳои бемисли Шумо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.
Муассисаи литсей–интернатҳои муштараки тоҷикӣ–туркии ҷамъияти таълимии ‘’Шалола’’ тули 22 сол аст, ки дар Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Шумо фаъолият намуда, дар густариши соҳаи маорифи Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодаанд. Аз рӯзҳои аввали истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ шуморида, ҳамасола маблағгузории соҳаро зиёд намуд, ки дар натиҷа шароити моддиву техникӣ ва раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ тадриҷан боло меравад.
Боварии комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, бо азму иродаи созандагиву бунёдкорӣ дар ояндаи наздик Тоҷикистон ҳамчун як кишвари нерӯманду пуриқтидор, ободу пешрафта ва озоду демократӣ дар арсаи ҷаҳонӣ номдор мегардад.
Бори дигар Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кормандони Ҷамъияти таълимии ‘’Шалола’’ самимона муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор, умри дарози бобаракат, муваффақиятҳои навбанав ва пирӯзиҳои ҳамешагиро таманно дорам.
Бо эҳтиром,
Мудири кулли литсей – интернатҳои
муштараки тоҷикӣ-туркӣ,
Раиси ҷамъияти таълимии ‘’Шалола’’
Сабоҳаттин Гунай

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Шарипов Мумин Машокирович
Ҷойи кор: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Суроға: Дехоти 1/2
Рақами телефон: 2348346
E-mail: tguk@mail.ru


Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шуморо ба муносибати пирӯзии комил дар интихоботи шаффофу демократии қарибулвуқӯъ, ки аз эътимоди қавӣ ва боварии умедбахши кулли интихобкунандагон нисбат ба шахсияти Шумо, сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Шумо, нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкоронаи Шумо башорат медиҳад, бо самимият, садоқат ва ифтихори афзун табрику муборакбод менамояд.
Ҷаноби Олӣ, аҳли коллективи донишгоҳи мо қавл медиҳад, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Шумо ҳамаҷониба талош менамояд ва дар партави сиёсати маорифпарваронаи Шумо тамоми нерӯву маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандӯсту меҳанпараст, хушахлоқу бомаърифат, ҷӯяндаву созанда, шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сафарбар месозад.
Дар ин рӯзҳои гуворо, пурнусрат ва фараҳафзо Шуморо, ки барҳақ пешвои миллати тоҷик ва тоҷикистониён ҳастед, бори дигар бо воқеаи хуҷаставу фархунда – тариқи райъи умум интихоб шуданатон ба маснади баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯем ва ба фаъолияти минбаъдаи роҳбарии Шумо, ки ба ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизамон равона шудааст, муваффақиятҳои беназир орзу менамоем. Бигзор ҳамеша сарбаланду саодатманду сиҳатманду сарфароз бошед!

Бо эҳтироми беандоза ва самимӣ коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Муинова М.С.
Ҷойи кор: Мактаби Президенти
Суроға: шахри Чкалов
Рақами телефон: 8345155628
E-mail: matluba56@list.ru

Ба Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Шуморо бо камоли эҳтирому самимияти беафзун ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари тоҷикони дунё интихоб гардиданатон аз самими қалб аз номи шахсан худам, аҳли оилаамон ва ҳайати саднафараи устодону муҳассилини Мактаби Президентии барои бачагони болаёқати шаҳри Чкалов табрику таҳният мегӯям.
Бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ мардуми шарафманди тоҷик дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар қатори ҳамаи соҳаҳо соҳаи илму маориф низ рушду инкишоф ёфта истодааст. Имрӯз соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар саросари кишвар садҳо муассисаҳои таълимии мактабиву томактабии замонавӣ бо тамоми шароитҳои муосиру мусоид барои гирифтани таълими замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки мо устодону муҳассилини ин боргоҳи маърифат бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ изҳори миннатдории бепоёнро баён менамоем. Бо шарофати устувор гардидани рукнҳои сохти демокративу хуқуқбунёд ва бевосита бо дастгириҳои пайвастаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ имрӯз хонандагони мактаби мо имконият пайдо кардаанд, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида ба комёбиҳои бузург ноил гардида истодаанд, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди худогоҳу ватандӯст мебошад.
Бо итминони комил ва боварии том метавонам қайд намоям, ки мо кулли кормандон, омӯзгорон, волидайн ва толибилмони Мактаб сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Шуморо мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ сад дарсад минбаъд низ чун ҳарвақта дастгирӣ намуда, дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯхияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ, дар рушду ободии давлати соҳибистиқлоламон ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвари азизамон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми худро гузошта, самимонаву содиқона ҷидду ҷаҳд ва талош меварзем.
Бори дигар ин рӯзи хотирмонро бароятон сарвари муаззами тоҷикон мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ шодбош гуфта, аз даргоҳи худованди мутаол тансиҳативу хотирчамъӣ, сарбаландиву сарфарозӣ ва амалӣ гардидани тамоми ниятҳоятонро орзу мандам.
Бигзор Парчами миллии Тоҷикистон то абад парафшон ва истиқлолияти давлатӣ ҳамеша дар сарзамини куҳанбунёди мо - тоҷикон пойдор бошад!
Пирӯзӣ муборак!

Бо арзи эҳтироми беандоза,
Директори Мактаби Президентӣ дар шаҳри Чкалов
Матлуба Муинова
 

Мавзӯъ: Паёми табриктоии ҷавонон ба Президенти Чумҳурии Тоҷикистон
Ному насаб: Исматҷонов Бахтиёр
Ҷойи кор: ҷавонон
Суроға: шаҳри Хуҷанд
Рақами телефон: 927770771
E-mail: ibh_82@mail.ru


Кулли ҷавонони шаҳри Хуҷанд Шумо пешвои тоҷикони ҷаҳон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният менамоянд.
Ғамхориву пуштибонии Шумо Ҷаноби Олӣ нисбати ҷавонони шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза эҳсос мегардад, зеро то ин рӯз бунёд гаштани як зумра иншоотҳои варзишию фароғатӣ барои ҷавонон дар шаҳр маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии Шумо мебошад. Дастгирии садҳо кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарастор аз ғамҳориҳои Шумо Ҷаноби Олӣ ҳамеша баҳраманд ҳастанд.
Қувваи пешбарандаи ҷомеа – ҷавонон дастгири сиёсат ва иқдомҳои Шумо ҳастанд Ҷаноби Олӣ!

Мавзӯъ: Поздравления
Ному насаб: Левиев Якуб Петрович
Ҷойи кор: Конгресс бухарских евреев
Суроға: г. Москва, Чаянова 18,30
Рақами телефон: +79852318860
E-mail: leviev@jvmtech.ru

Глубокоуважаемый господин Президент!
Конгресс бухарских евреев России и СНГ свидетельствует Вам свое глубокое уважение и горячо поздравляет Вас с очередной победой на выборах Президента Республики Таджикистан.
Мы, бесконечно рады Вашему переизбранию, искренне любим Вас и глубоко верим! Вы являетесь гарантом конституции и законов Республики Таджикистан, гарантом стабильности и социально-экономического роста. Мы уверены, что Ваши незаурядные способности и талант, Ваша миролюбивая политика обеспечат благополучие и процветание Таджикистана, активно способствуя миру и дружбе на земле.
Мы, бухарские евреи, родившиеся и выросшие в Таджикистане, являемся носителями таджикского языка, культуры и традиций, посланниками и лоббистами интересов Таджикистана в разных странах мира. Мы имеем возможность и желание привлечь в Республику новые технологии и инвестиции, накопленный опыт и знания. Нас объединяют общие корни, узы братства и землячества, многовековая совместная история. И мы с радостью готовы встать рядом, чтобы под Вашим мудрым Руководством поднимать Таджикистан и сделать его лучшем на планете.
 

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Анварби Сафарова
Ҷойи кор: Таваллудхонаи вилоятии ш. Кӯлоб
Суроға: шамсиддин Шохин, 69, х.19.
Рақами телефон: 918565696
E-mail: anvarbisarova@mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Ғолибияти Шумо дар интихоботи анҷомёфта бори дигар исботгари он аст, ки тӯли солҳои сарвариатон ба Шумо муяссар гардид, ки пурра ба боварии халқ сазовор гардед.
Ба ин муносибат Шумои арҷманду гиромиқадрро шахсан аз номи худам, ки сарварии таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлобро ба уҳда дорам ва аз номи кулли табибони ин дармонгоҳ ба муносибати ғолибиятатон дар интихобот ва рӯзи пуртантанаи савгандёдкунӣ аз самими қалб муборакбод мегӯям ва ҳамеша дуогӯи тансиҳативу сарбаландии шумоем.
Орзу мекунем, ки доимо соябони боли сари мардуми мо бошед!


Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Сулҳиддин Иномбоев
Ҷойи кор: Гимназияи №2
Суроға: ш. Истаравшан
Рақами телефон: 927802095
E-mail: inomboev-s@mail.ru

Баъди шоҳони адолатпеша дар паҳнои умр,
Баъди Ҷамшеду Анушервону Сомонҳои умр.
Модари тоҷик пасованди дилогоҳе бизод,
Шоҳ Эмоми азими хастӣ Раҳмонро бизод.

Ҷаноби Олӣ, бо самимияти дилу меҳру муҳаббати беандоза ва гармии ҷону ҳузури дида, бинобар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шуданатон аз номи ҷомеаи меҳнатии Гимназияи №2-и шаҳри Истаравшан бо сарварии Аминҷон Иномбоев таҳният намуда, ба Шумо баҳри рушду нумуъи Тоҷикистони офтобрӯяи азиз ва бахту иқболи халқи тоҷик комёбиҳои беназир таманно дорем. Аз даргоҳи Худованди мутаол дуои онро металабем, ки ба бахти мо-халқи тоҷик ҳамеша солиму бардам бошед.
Имрӯз, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи фаромӯшнопазир бо хатти заррин дарҷ гардид, мо ҷомеаи меҳнатии Гимназияи №2 маросими савгандёдкунии Сарвари хешро тамошо карда, руҳу илҳоми тоза гирифтем ва дар партави суханрониҳои Шумо ҷонибдори сиёсати хирадмандонаатон мебошем.
Хушбахтона дар ин рӯзи хотирмон яке аз хатмкардаи гимназияамон Рахмонов Эмомалӣ дар синни 20-солагӣ боз як оилаи хушбахти Тоҷикистони азизро афзун намуд. Шодравон падари бузургвораш бо умеду нияти хайр ин номро ба фарзандаш гузошта буд, ки мисли Шумо як шахси хирадманду адолатпеша гардад ва баҳри Ватани азизаш хизмати софдилона намояд.
Мо низ ин оилаи ҷавонро бо самимияти афзун табрик намуда, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Тоҷикистон Ваҳдатат поянда бод,
Шоҳи Одил бар сарат тобанда бод!

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Ҳалимова Шоҳона
Ҷойи кор: мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1
Суроға: ш.Душанбе к.Тилло Пӯлоди 17 ҳуҷраи 6
Рақами телефон: 907823303
E-mail: shohona.halimova

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ. Аз номи аҳли оилаамон Шуморо ба муносибати аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон аз самими қалб муборакбод гуфта, аз Худованди карим ба Шумо қувваю нерӯи бузург ва саломатии саъдиёна хоҳонем.
Муҳабати худро ба Шумо дар як шеърам изҳор кардаам, ки бо ёрии модарам навиштаам.

Давлати мо, мулки мо дигар шудаст.
Номи тоҷик боз "тоҷбарсар" шудаст.
Бо қарори Иттиҳоди Аврупо
Марди тоҷик-пешвои аср шудаст.

Ҳафт ахтар дар нишони давлатӣ
Ҷилвагар зеби Душанбешаҳр шудаст
Сарбаосмон парчам андар Осиё
Парчами тоҷикӣ оҳангар шудаст.

Роҳи навбунёди тоҷик оинафарш
Васлсози қалбҳо дар даҳр шудаст
Сад ҳазор раҳмат ба ту Эмомалӣ
Зиндагони гуиё нав сар шудаст!

Мавзӯъ: Илҳом аз Савганди Президент
Ному насаб: Нусратуллои Маҳмадулло
Ҷойи кор: донишҷӯ
Суроға: н. Шаҳринав
Рақами телефон: 918972641
E-mail: boboev_92

Илҳом аз Савганди президент
Ассалому алайкум муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Ман дар назди Шумо ба номи Худои меҳрабон ва ба ҳаққи некиҳои Шумо, ки ба мардуми ниёзманд кардаед савганд мехурам.
Ман пеши Шумо ҳазорҳо маротиба сари таъзим фуруъ меоям. Чи тавре, ки Шумо бо лутфи меҳрубони ва садоқати баланд ба мо шаҳрвандон иброз доштед “Барои осудагии халқам лозим ояд ҷонамро фидо мекунам” ман низ дар навбати худ ба Шумо бо қавли мардона ба номи парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам қасам мехурам, ки то нафаси вопасинам ба Шумо падари азиз фарзандона содиқ мемонам.
Ба пайраҳаи қадам мондаи Шумо то охири умрам равон гашта, амалҳои падаронаи Шуморо ба худ ва наслҳои ояндаи худ ба мерос мегузорам. Қавли фарзандии ман ҳамчун фарзанди Тоҷикистон ҳамин мебошад, ки ман оянда дар дилхоҳ вазияти сиёси агар умр бевафои накунад ба наслҳои ояндаи худ бо истифода аз пайравони худ некиҳои Шуморо безавол ба мерос мегузорам.
Бо орзуҳои неки ҷовонмардона, фарзандона Нусратуллои Маҳмадулло.


Мавзӯъ: Шеър
Ному насаб: Мирзоалиев Изатулло Қувватович
Ҷойи кор: Раиси хоҷагӣ дар 5 га замин
Суроға: н. Фархор ск. Гайрат уч. Фрунзе
Рақами телефон: 935981660
E-mail: Шеър дар фасфи меҳнату заҳмати Президент

Ба Ҷаноби Олӣ

Бишуд Эмомалӣ номат то Эмоми мо бошӣ
Ба вақти ҷаҳлу зулмобод шамъи шоми мо бошӣ
Ато гашти зи Яздон то ки моро раҳнамо гардӣ,
Ба ақли пухта пешво баҳри ақли хоми мо бошӣ.

Суханчин гар кунад оташ зи макру ҳиллаву найранг,
Бирези об бар оташ фири томи мо бошӣ,
Чу шуд халқат парешон аз ҷафои душмани миллат,
Намои ҷамъ халки хешу бар сар боми мо боши.

Намонад ташнае бе об намирад кудаке бе нон,
Зи Яздон ризқ пурси шаҳдери коми мо боши,
Гузашт даҳ сад чаҳон тоҷики тоҷдорат намедонист,
Шиносонанда фархунда ба олам номи мо боши

Намои ту Ватан обод намои роҳи нав бунёд
Ту Шоҳаншох гардию зи хосу оми мо боши!

Бо камоли эҳтиром ба Ҷаноби Олӣ ва меҳнатҳои самимиаш, ки дар ҳақи халқаш кард ва карда истодааст аз Яздони пок барояш тамоми бурдбориҳоро орзу мекунам.
Пирузии шумо пирузии Миллати Тоҷик аст.
Изатулло Мирзоалиев!

Номаҳои зиёди табрикӣ, ҳамчунин аз номи Умедҷон Давлатов(ноҳияи Мастчоҳ), Комрон Акилов(город Одинцово), Мадина Эшанқулова(ш. Душанбе), Саралидзе Кахабер(Грузия, шаҳри Гори) Шоҳин Холматов (ш. Душанбе), Акбар Сатторов (нафақахӯр аз н. Данғара) Асхобудин Каримов (н. Рашт), Кормандони МИХД шаҳри Хуҷанд, раисони Кумитаи маҳаллаҳо ва собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд ва даҳҳо шаҳрвандони дигар ворид шудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520