Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

20.11.2013 18:37

Кантслери Федералии Ҷумҳурии Федералии Олмон Ангела Меркел ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Президент,

Шуморо ба муносибати аз нав ба мақоми Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон муборакбод мегӯям.

Бо хушнудӣ таъкид менамоям, ки робитаҳои дӯстонаи миёни Олмону Тоҷикистон ҳамеша дар густаришанд. Моро мебояд дар оянда ҷиҳати ҳифзу таҳкими ҳамкориҳо талошҳои муштарак ба харҷ диҳем. Аз ин лиҳоз, ман ҷонибдори масири интихобнамудаи Шумо ҷиҳати рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҳокимияти қонунӣ мебошам. Олмон чун ҳамеша омода аст, ки дар ин самт ба Тоҷикистон кӯмаки наздик ва ҳамшарикии худро расонад.

Ба корҳои Шумо дар мансаби олӣ барору комёбӣ таманно дорам”.

Дар барқияи табрикотии Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ омадааст:

“Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мояи хушнудист, ки Шуморо ба муносибати ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран интихоб шудан самимона табрику муборакбор намуда, ба Шумо дар адои масъулиятҳои сарварӣ баҳри амалӣ шудани орзуву ормонҳои мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо орзу кунам.

Бо истифода аз ин фурсат сатҳи муносибатҳои дӯстона байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ карда, изҳори боварӣ менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон дар асоси натиҷаҳои боздиди давлатии Шумо ба Давлати Кувайт ба манфиати мутақобила таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию хушбахтӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст пешрафт ва шукуфоии бештарро таманно дорам”.

Дар барқияи табрикотии Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ омадааст:

“Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси фараҳмандист, ки Шуморо ба муносибати ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран интихоб шудан самимона табрику муборакбор гуфта, ба Шумо Ҷаноби Олӣ дар адои масъулиятҳоятон баҳри осудаҳолию пешрафти минбаъдаи мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон муваффақият орзу кунам”.

Дар барқияи табрикотии Сарвазири Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ омадааст:

“Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пас аз дуруд,

Мояи хушнудист, ки Шуморо ба муносибати ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран интихоб шудан самимона табрику муборакбор намуда, ба Шумо дар адои масъулиятҳои сарварӣ баҳри амалӣ шудани орзуву ормонҳои мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо орзу кунам.

Бо истифода аз ин фурсат сатҳи муносибатҳои дӯстона байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ карда, омодагии ин ҷонибро барои таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи мутақобила таъкид менамоем.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию хушбахтӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст пешрафт ва шукуфоии бештарро таманно дорам”.

Дар барқияи табрикотии Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид Толиб Рифоӣ омадааст:

“ Ҷаноби Президент,

Мояи шараф аст, ки табрикоти худро ба муносибати муҷаддадан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон ба Шумо иброз намоям.

Тоҷикистон аз аъзои муҳимтарини Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб гардида, ба таҳкиму густариши робитаҳои ҳасана байни кишвари Шумо ва Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид хушбин мебошем.

Мо мутаминем, ки ҳамкории густурдаи мо ба пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон ва мардумони он саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Ҷаноби Олӣ лутфан ғояти эҳтироми маро бипазиред”.

Дар барқияи табрикотии Профессори Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон доктор Райнер Линднер омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Мӯҳтарам ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед, аз номи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ва шахсан аз номи худам Шуморо бо интихоби муҷаддад ба мақоми Президента кишвар самимона табрику таҳният гӯям.

Мехоҳам ба Шумо дар иҷрои вазифаи пурмасьул ва муҳими давлатӣ пеш аз ҳама саломатй, нерӯи қавӣ ва дидаварӣ орзу намоям. Бигузор тамоми аҳдофу нақшаҳои Шумо дар самти рушди иқтисодй, иҷтимоӣ ва ҷамъиятии кишвар ҷомаи амал пӯшанд ва ба хусус равобити иқтисодии байни Тоҷикистону Олмон беш аз пеш ривоҷу равнақ ёбад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехоҳам ба Шумо итминон бидиҳам, ки Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон минбаъд низ барҳи рушд ва муосирсозии иқтисодиёти кишвари Шумо ва таҳкими равобити байни кишварҳоямон шарики боэътимод хоҳад монд”.

Мурат Журинов, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар барқияи шодбошии худ мегӯяд:

“Эмомалӣ Шарифовичи гиромиқадр!

Табрикоти самимиро аз номи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва шахсан аз номи худам ба муносибати устуворона ғолиб омаданатон дар интихобот қабул фармоед!

Ба ман, аъзои хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан хурсандибахш аст, ки Шуморо бо дигарбора ба мансаби Президенти Чумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрик намоям!

Ғолибияти эътимоднок дар интихобот-далели равшани он аст, ки халқи тоҷик фаъолияти самарабахш ва бенуқсони Шуморо дар таҳкими давлатдории миллӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, рушди созандаи ҳамкориҳои иқтисодии байналхалқӣ баҳои баланд медиҳад. Фаъолияти бисёрҷанбаи Шумо ба Шумо на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар тамоми қаламрави пасошӯравӣ ва дуртар аз паҳнои он ҳам иззату обрӯи баланд овард.

Мо, олимон ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон диққати хоса медиҳем ва умедворем, ки онҳо дар оянда низ ба шарофати дӯстии содиқонаи миёни сарони давлатҳо, ҷое ки, халқҳои аз қадим бародар зиндагӣ мекунанд, рушд мекунанд. Мутмаинам, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни Қазоқистону Тоҷикистон, аз ҷумла миёни академияҳои миллии илмҳо ба манфиати халқҳои кишварҳоямон дар оянда ҳам рушд мекунанд!

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатӣ ва бурдбориҳои беназир таманно дорам, бигзор Тоҷикистон минбаъд таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо шукуфон бошад” !

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520