Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ аз Подшоҳ ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Президенти Ҷумҳурии Юнон

21.11.2013 15:22

Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни шарифайн Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ, Бародарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худованд ҳифзатон кунад.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Барои мо мояи сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан ба давраи нави мақоми президентии кишваратон интихоб гаштан аз номи мардум ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аз номи худ бо таманниёти самимӣ табрику таҳният намоем. Ба Шумо тансиҳативу фирӯзӣ ва ба мардуми бародари тоҷик пешрафту шукуфоии бештарро орзу намуда, саодатманд аз онем, ки кишварҳои моро робитаҳои неки бародарона бо ҳам мепайвандад ва таҳкиму тавсеаи ин равобит дар маркази саъю талоши мо қарор дорад.

Паёму сипоси моро пазиро бошед.”.

Дар барқияи табрикотии Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд омадааст:

“Ҷаноби Олӣ, Бародарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худованд ҳифзатон кунад.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Бо камоли хурсандӣ ба Шумо барои муҷаддадан ба мақоми Президенти кишвари бо мо бародар интихоб гаштанатон табрикоти самимии худро тақдим менамоям ва ба Шумо сиҳатмандиву хушбахтӣ ва ба мардуми бародари тоҷик пешрафту шукуфоии бештарро таманно дорам”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Юнон Каролос Папулиас омадааст:

“Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинобар муҷаддадан ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон, шарафмандам табрикоти самимиро аз номи худ ва мардуми Юнон ба Ҷаноби Олӣ изҳор намуда, ба мардуми дусти Тоҷикистон хушрузиву шукуфоӣ таманно намоям”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520