Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

25.11.2013 15:03

Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Адлӣ Мансур ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

“Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пас аз саломи самимӣ,

Мавриди фараҳмандист, ки Шуморо ба муносибати аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан сидқан табрику муборакбор гуфта, ба Шумо дар ин мақоми волои сарварӣ комёбиҳои нав ба нав ва дар амалӣ шудани ормонҳо ва талошҳои мардуми ба мо дӯст баҳри пешрафт ва шукуфоии бештар муваффақият орзу кунам.

Изҳори боварӣ менамоям, ки муносибатҳои дӯстона байни Миср ва Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати мутақобила рушду густариш хоҳанд ёфт”.

Дар барқияи табрикотии Шоҳи Марокаш Муҳаммади VI омадааст:

“Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бародари гиромӣ!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Боиси хушнудии ман аст, ки ба муносибати пирӯзии нав дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии худро ба Шумо иброз намуда, бароятон тансиҳатӣ ва дар адои масъулияти муҳимми ба Шумо вогузоршуда муваффақият ва пешравиро орзу намоям.

Бо истифода аз фурсати муносиб ман таъкид менамоям, ки риштаҳои бародаронаи исломиро, ки моро мепайванданд қадр мекунам ва аз ҳамкорӣ байни ду кишвар қаноатмандам. Ман идомаи ҳамкориро бо Шумо ба мақсади таҳкими муносибатҳо дар тамоми соҳаҳое, ки ба манфиати мутақобилаи ду кишвар ва уммати исломӣ равона шудааст, бесаброна интизорам”.

Дар барқияи табрикотии Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Муфтӣ Шайх Равил Гаймутдин омадааст:

“Эмомалӣ Шарифовичи гиромиқадр!

Аз номи Шӯрои муфтиёти Русия, Раёсати мусулмонони қисми аврупоии Русия ва шахсан аз номи худам ба Шумо иззату эҳтироми олиро баён медорам. Сарфарозам, Шуморо бо дубора ба муҳлати нави президентӣ интихоб шуданатон табрик мекунам.

Ғолибияти устувори Шумо-ин нишони ҷонибдории халқи тоҷик аз Шумо ва аз ҷониби Шумо нигоҳ доштани субтот дар кишвар, таҳкими истиқлолият, ҳифзи бунёди маънавӣ-ахлоқии ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Мутмаинам, муносибот миёни Русия ва Тоҷикистон минбаъд ҳам дар руҳияи шарикии стратегӣ, ҷонибдории ибтикорот дар доираи равандҳои якҷоя дар қаламрави ИДМ рушд мекунанд.

Бо истифода аз фурсад, ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Шарифович шафоати Аллоҳ таъолоро дар корҳои хайр ба нафъи субот ва шукуфоии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно дорам”.

Дар барқияи табрикии Вакили Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои сулҳ, чемпиони чандкаратаи ҷаҳон оид ба шоҳмот Анатолий Карпов омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо ба муносибати бори дигар ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон самимона табрик мекунам.

Интихоби Шумо нишони саҳми арзандаатон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аст. Мутмаинам, ки таҷрибаи ғанӣ ва ҳирфавии Шумо имкон медиҳад, ки кору амали созандаатон ба манфиати мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.

Умедворам, ҳамкориҳои муштаракеро дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг ва варзиш ба роҳ хоҳем монд.

Ба Шумо ва халқи Шумо дар роҳи рушди кишвар комёбиҳои бузург ва сиҳатии бардавом таманно дорам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520