Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

27.11.2013 17:28

Президенти Ҷумҳурии Словения Борут Пахор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат диҳед ба Шумо табрикоти самимии худро ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, бароятон комёбиҳои зиёд, сиҳатии комил ва дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият сарбаландӣ орзу намоям.

Ҷаноби Олӣ, мутмаинам, ки ҳамкории миёни Ҷумҳурии Словения ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо муваффақият рушд ёфта, ҷиҳати таъмиқи муносиботи дуҷониба, ки ба таҳкими субот, истиқрор ва ҳамдигрфаҳмӣ дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст, мусоидат хоҳад кард. Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам эҳтироми волои маро қабул фармоед».

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос Чоуммалӣ Саясоне омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати бори дигар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон, Шуморо аз номи худ ва аз номи тамоми мардуми Лаос самимона табрик намуда, ба Ҷаноби Олӣ таманниёти неки худро баҳри тансиҳатии бардавом, рифоҳу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназири Шумо дар таъмини пешбурд ва шукуфоии кишваратон орзу мекунам.

Мутмаинам, ки таҳти сарварии Шумо робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ дар мабнои муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар ҳошияи ниҳодҳои бисёрҷониба тақвияти бештар касб намуда, ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар ва сулҳи байналмилалӣ хизмат хоҳанд кард.

Хоҳишмандам Ҷаноби Олӣ ғояти эҳтироми амиқи маро бипазиред».

Дар барқияи табрикотии Президенти собиқи Молдова Владимир Воронин омадааст:

«Эмомалӣ Шариповичи муҳтарам!

Шуморо бо ғалабаи қатъӣ дар интихоботи Президенти Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям!

Ба Шумо, пеш аз ҳама, сиҳатии комил, комёбиҳо дар кор, муваффақиятҳои навро дар кори рушд ва таҳкими Тоҷикистон таманно дорам. Бигузор тамоми ниятҳои Шумо амалӣ ва дастгирии шоистаи мардумӣ низ танҳо мустаҳкам гардад.

Вохӯриҳоямро бо Шумо, бахусус фазои дӯстона, ҳамкориҳо ва ҳамдигарфаҳмиҳоеро, ки дар онҳо ҳукмфармо буд, бо як эҳсоси махсус ба ёд меоварам.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, нерӯи беинтиҳо ва матонат, ба Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро таманно дорам»!

Дар барқияи табрикотии Раиси Иттиҳодияи фарҳангии ҷамъияти «Сомониён» дар Ҷумҳурии Қазоқистон Саидмурод Шарифов омадааст:

“Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Mo тоҷикони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон аз пирӯзии Шумо дар маъракаи навбатии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли равон шуда гузашт, ниҳоят хушнуд гашта, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамонро бо ин комёбии бузург табрику таҳният гуфта, ба Шумо Ҷаноби Олӣ сиҳатию саломатӣ ва ба диёри зебоманзару азизамон – Тоҷикистон сарсабзию хурамӣ, ободию шукуфоӣ, тинҷию амонӣ, муваффақиятҳои нав ба нав дар арсаи байналмилалӣ хоҳонем.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, ҳар як - муваффақиятҳои Шумо, ҳамчун пешвои тоҷикони ҷаҳон, мувафаққиятҳои диёри азизамон, ҳамчун ватани аҷдодиямон боиси ифтихор ва фараҳмандии мо тоҷикони бурунмарзӣ мегардад.

Бори дигар пирӯзии Шуморо дар интихоботи навбатӣ табрику таҳният гуфта, бароятон комёбиҳо ва бурдбориҳоро таманно дорем.

Бо салом ва эҳтироми бепоён тоҷикони муқими ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520