Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
Хонуми Олиҷоҳ,
Ниҳоят масрурам, ки Шумо ва мардуми дўсти ҳиндустонро ба ифтихори ҷашни миллӣ – солгарди истиқлоли кишвар – сидқан табрик ва таҳният намоям.
Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳоямон дар аҳди истиқлолияти Тоҷикистон ва алалхусус тўли панҷ-шаш соли охир, баъди сафарҳои мутақобилаамон ба кишварҳои якдигар, ба таври муассир густариш ёфтанд. Ҷониби Тоҷикистон ба аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти вижа дода, умед дорад, ки бо талоши ҳарду ҷониб ҳамкории Тоҷикистону ҳиндустон дар асоси дуҷониба ва чандҷониба – ба хотири таҳкими сулҳу субот ва густариши фазои мусоиди равобит дар минтақа – ба зинаҳои баландтари рушду тавсеа ноил хоҳад гашт.
Бо арзи табрики муҷаддад, ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дўсти Ҳиндустон амну амонӣ, хотири осуда, саодат ва пешрафт таманно дорам.