Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

30.11.2013 17:43

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шанг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи давлат ва халқи Ветнам ба Шумо табрикоти самимиро ирсол медорам.

Бо таваҷҷуҳи зиёд ва хушнудӣ аз дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дар самти субот ва рушди кишвар, ҷониби Ветнам мутмаин аст, ки зери роҳбарии Шумо - Ҷаноби Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои бештар ва ба нафъи мардуми тоҷик дар самти сулҳ ва дар маҷмуъ пешрафти минтақа ноил хоҳад гашт. 

Ман итминони комил дорам, ки равобити суннатии дӯстӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи дар асоси баробарӣ ва мутақобилан судманди миёни Ветнаму Тоҷикистон рӯз аз рӯз дар асоси ирода ва манофеи мардуми кишварҳоямон рушду таҳким меёбанд.

Ба Шумо, ҷаноби Президент сиҳатии комил, хушбахтӣ ва дар кори пурмасъулиятатон муваффақиятҳои зиёд таманно мекунам”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос омадааст:

“Ҷаноби Олӣ!

Бароям мояи сурур аст, ки аз номи Давлат ва халқи  Фаластин ва шахсан аз номи худ Шуморо ба муносибати бори дигар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон таҳният гӯям.

Ба Шумо дар роҳи расидан ба ормонҳои халқи тоҷик комёбӣ мехоҳам.

Мо ба Шумо, Ҷаноби Олӣ итминон медиҳем, ки минбаъд низ ба рушду тавсеа ва равобиту ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷодаҳо пайгирӣ намуда, кӯшиш менамоем, ки сатҳ ва дурнамои ин равобитро мутобиқи манофеи халқу кишварҳоямон ва дар роҳи расидан ба ғояҳои муштарак баланд бардорем.

Ҷаноби Олӣ,

Бо таҳният ва таманниёти самимӣ ба Шумо  сиҳатии бардавом, саодатмандӣ, ба халқи бародари тоҷик ва кишвари бародари Тоҷикистон  пешрафти афзун, рушд ва шукуфоиро орзу дорем”.
 

Дар барқияи шодбошии стар ҷенерол, Волии Балх Ато Муҳаммади Hyp омадааст:

“Масаррат дорам, ки бори дигар, Ҷалолатмаоби олимақом Эмомалӣ Раҳмон ба унвони шахсияти маҳбуб дар миёни мардуми кишвари дӯст, бародару ҳамкори Тоҷикистон тавонист дар интихобот он кишвар пирӯз бадар ояд.

Бо иғтином аз фурсат интихоби Ҷаноби Олиро табрик ва муборакбод гуфта, ва аз тариқи Ҷаноби Олӣ ба аъзои муҳтарами кобинаи давлат, аъзои муҳтарами парлумон ва мардуми ҷумҳурии дӯсту бародари Тоҷикистон, самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Бовари комил дорам, ки мардум ва кишвари дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сояи раҳбарии Ҷалолатмаоби Шумо, қадамҳои фаротаре барои тақвияту густариши равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳамсӯи миёни ду кишвар бештар аз гузашта хоҳад бардошт. Раҳбарии эшон дар гузашта низ бозтобгари равобити нек миёни ҳарду кишвари Афғонистон ва Тоҷикистон будааст.

Дар фарҷом бори дигар таманниёт неки худ ва мардуми вилояти Балх ба кишвари дӯст ҷумҳурии дӯсту бародари Тоҷикистон тақдим намуда, орзу дорам, то битавонем дар сояи равобити нек ва ҳасана зиндагии саодатманд дошта бошем”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520