Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз Президенти Ҷумҳурии Корея ва Раиси Ассамблеяи миллии Кувайт

03.12.2013 17:40

Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин - Хе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мансаби олии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Мутмаинам, ки таҳти роҳбарии Шумо минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идомаи рушди сиёсиву иқтисодӣ ба дастовардҳо назаррас ноил мегардад.

Ҳангоми дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Шумо, мехостам якҷоя ҷиҳати рушд ва густариши мунсибатҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳоямон, Корея ва Тоҷикистон, ба манфиати давлатҳо ва халқҳоямон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳо кӯшиши дуҷониба намоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, иҷозат диҳед ба Шумо ва наздикони Шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии пайвастаро таманно намоям”.

Дар барқияи табрикотии Раиси Ассамблеяи миллии Кувайт Марзуқ Али Ал-Ғаним омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо поён ёфтани интихоботи президентӣ, ки муваффақияти Ҷаноби Олиро ба ҳайси Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистон ба иртифоъ расонд, табрикоти самимонаи маро бо дасти дуо ба номи Худованди Мутаъол ҷиҳати кӯмак ба Шумо бо ҳимоят ва ҳидояти ӯ дар пайроҳаи демократия ва ислоҳот баҳри расидан ба умеду орзуҳои мардуми Тоҷикистон қабул фармоед.

Ҳамчунин мехоҳам равобити дуҷонибаи бародаронаи амиқу қавӣ ва рағбати тавассути Ҷаноби Олӣ ва Волоҳазрат Амири Давлати Кувайт ба манзури рушди ҳамкории дуҷониба баҳри татбиқи манофеи волои ҳарду кишвару мардум баёнгардидаро ситоиш намоям”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520