Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рўзи дониш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

01.09.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Мўҳтарам намояндагони таълимгоҳҳои олӣ ва аҳли илму маориф!
Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти анъанавии мо ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил имсол дар остонаи иди бузургу муқаддаси миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, тамоми хонандагону донишҷўён ва кулли кормандони соҳаи маорифи мамлакатро аввалан ба ифтихори санаи мубораки бистсолагии озодиву соҳибихтиёрии Ватани азизамон, инчунин ба муносибати Рўзи дониш табрик мегўям.

Яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омўхтани илму дониш мебошад. Вақте ки инсон аз донишҳои гуногуни замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷўҳ зоҳир менамояд.

Ин талош минбаъд ба азму иродаи қавӣ ва созанда табдил мегардад, ки ҷомеаи мо ба чунин нерўи пешрави илмӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.

Аз ин нуқтаи назар, мафҳуми калимаи «дониш» аз лиҳози фалсафаи таҳсилоти асри XXI маънӣ ва мундариҷаи хос пайдо менамояд. Дар асри нав ибораву истилоҳоте, аз қабили «фалсафаи таҳсилот», «таҳсилот дар тамоми ҳаёт», «тафаккури эҷодӣ» ва «рушди шахсият» маъмул гардидаанд, ки толибилмон бо онҳо ҳанўз аз зинаҳои аввали донишомўзӣ то расидан ба камолоти касбӣ рў ба рў мегарданд.

Дар шароити имрўзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат нерўи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Чунин муносибат ба фаъолияти инноватсионии соҳаҳои илму маориф такони ҷиддӣ бахшида, дар навбати худ ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Яъне, омўзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди пайгиронаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Талаботи ҳаёт, робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон аз ҳар як толибилм тақозо мекунанд, ки бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардад, барои рушди инноватсионӣ ва рақобатпазирии кишвари худ талош варзад.

Ин моро водор месозад, ки ислоҳоти ҷиддиро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ минбаъд низ вусъат бахшем. Ислоҳот бояд, пеш аз ҳама, ба таҳкиму такмили пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу кордон барои соҳаҳои истеҳсолӣ нигаронида шавад.

Сиёсати давлатии инноватсионӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ тақозо менамояд, ки дар заминаи омўзишгоҳҳо ва техникуму коллеҷҳои касбию техникӣ коргоҳҳо ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шаванд.

Чунин иқдом илова бар ин, ки ба ҳамбастагии илм ба истеҳсолот мусоидат мекунад, ҳамчунин яке аз василаҳои баланд бардоштани маоши омўзгорони чунин муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ ва вусъат додани ҳунару ҳунаромўзӣ низ мебошад.

ҳамчунин дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷўёне, ки дар соҳаҳои илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд ва соҳиби касбу ҳунар мегарданд, пеш аз ҳама бояд эҷодкор бошанд ва мутобиқи имконияту захираҳои мавҷудаи кишвар лоиҳаҳои асоснокшудаи инноватсиониро таҳия ва татбиқ намоянд.

Мо маҳз аз ҳамин нуқтаи назар соли 2010-умро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон карда будем, ки барои зина ба зина расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатамон, аз ҷумла рушди пайгирона ва устувори соҳаҳои илму маориф дар солҳои минбаъда мусоидат хоҳад намуд.

Дар робита ба ин, мактабҳои олӣ вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ, касбӣ ва истеҳсоливу тиҷоратӣ пойгоҳҳои технологӣ ва марказҳои илмию таҳқиқотии инноватсионӣ таъсис дода, барои истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода намоянд.

Дар баробари ин, бояд тамоми соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ марҳала ба марҳала таҷдид гардида, бо технологияҳои наву пешрафта таҷҳизонида шаванд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар кишварамон дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў мебошанд, ба фаъолият оѓоз кардаанд.

Раванди бунёд, таҷдид ва азнавсозии корхонаҳои хурду миёна ва азими саноатӣ дар кишварамон идома хоҳад ёфт ва ин амр аз масъулини соҳа тақозо менамояд, ки барои омода намудани мутахассисони донишманду забондон ва соҳибмаърифату кордон тадбирҳои судманд андешанд.

қобили зикри хос аст, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои зиёди табиӣ мебошад, вале то ҳанўз коркарди қисми зиёди онҳо ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рў, ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи саноат, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сифату рақобатпазирӣ ва содироти он мутобиқи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ аҳамияти махсус бояд дод.

Дар самти азхудкунии сарватҳои табиӣ мо бояд ба масъалаи коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ ва дар намуди маҳсулоти тайёр содирот намудани он эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем. Ин кори муҳим дар навбати худ вазифаи аввалиндараҷаи олимони соҳаҳои истеҳсолии кишвар мебошад.
Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷавонони лаёқатманду эҷодкори мо дар доираи имкон бо техникаву технологияҳои навтарин сарукор доранд ва дар ин ҷода ба дастовардҳои муайян низ ноил гардидаанд. Вале бо дарназардошти талаботи рўзафзуни илму технология ин пешравиҳо ҳанўз моро қонеъ карда наметавонанд.

Бинобар ин, бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо Вазорати маориф якҷо бо вазорату кумитаҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки то охири соли ҷорӣ талаботи касбии ҳар як ихтисосро мавриди омўзиш қарор дода, вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ санадҳои дахлдорро дар таҳрири нав пешниҳод намоянд.

Бо эълон шудани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» маълум гардид, ки теъдоди зиёди хонандагону донишҷўёни кишварамон ба техникаву технологияи навин таваҷҷўҳи зиёд доранд.

Боиси қаноатмандист, ки онҳо дар озмуну намоишгоҳҳои гуногуни бонуфуз торафт фаъолона иштирок менамоянд.

Махсусан пешниҳоди лоиҳаҳои марбут ба рушди энергетика, истифодаи манбаъҳои алтернативии гармӣ, барномасозӣ, ташхис ва татбиқи техникаи компютерӣ, муайян намудани сифати маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ аз нигоҳи илмӣ асоснок ва бисёр ҷолиб мебошанд.

қадамҳои аввалини хонандагон, донишҷўён ва эҷодкорони ҷавон умедбахшанд ва ман итминони комил дорам, ки чунин ҷавонон дар ҳамаи таълимгоҳҳои кишвар таҳсил менамоянд.

Вале агар масъалаи мазкур маҳз аз лиҳози ҷалби нерўи зеҳнии кишвар ва дастовардҳои илмӣ таҳлили амиқ карда шавад, маълум мегардад, ки дар ин раванд ҳанўз як силсила камбудиҳо ҷой доранд.

Чунин ба назар мерасад, ки олимону ихтироъкорон мақсади асосии худро фақат дар ҳимояи рисолаҳои илмӣ мебинанд ва барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии худ кам таваҷҷўҳ мекунанд.

Аз тарафи дигар, аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ ба масъалаи ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳо ва марказҳои таълимиву илмӣ аҳамияти зарурӣ дода намешавад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки илми бе амал монанди дарахти бесамар аст.

Бинобар ин, барои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот пешниҳод карда мешавад, ки дар ҳисоботи солонаи ҳама гуна субъектҳои хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, банди махсуси «татбиқи ихтирооти илмӣ дар истеҳсолот» илова гардад, инчунин арзёбии фаъолияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо аз ҳамин нуқтаи назар ба роҳ монда шавад.

Танҳо дар ин сурат мо метавонем пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотиро ҳам аз ҷониби таълимгоҳу марказҳои илмӣ ва ҳам субъектҳои хоҷагидорӣ ҳамоҳанг ва фаъол сохта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

Бояд дарк намоем, ки татбиқи васеъ ва пурсамари дастовардҳои нави илмӣ, навовариҳо ва ихтироот сатҳи рақобатпазирии иқтисоди миллии ҳар як мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро дар асри XXI муайян месозад.

ҳозирини гиромӣ!

ҳоло, ки мо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қарор дорем, мехоҳам таъкид намоям, ки ин боргоҳи таълимӣ дар тўли фаъолияти худ дар самти тайёр кардани мутахассисони болаёқати соҳаҳои технологӣ дар кишварамон саҳми арзанда дорад. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1991 ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва озуқаворӣ табдил дода шудааст.

Айни ҳол, дар донишгоҳи мазкур аз рўи 18 ихтисос таълими зиёда аз 6600 нафар донишҷўён ба роҳ монда шудааст ва дар сохтори он 9 факултет, инчунин як филиал дар шаҳри Кўлоб, ду гимназия дар шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб фаъолият менамоянд. Аз соли 1995 то инҷониб донишгоҳи мазкурро беш аз 6100 нафар хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва берун аз он фаъолият доранд. Дар баробари ин, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати сайқал додани таҷрибаву малакаи касбии устодону донишҷуён бо зиёда аз 40 муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Донишгоҳ бо мақсади омода намудани кадрҳои касбии соҳа доираи ҳамкориҳои худро бо марказҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар, бахусус Федератсияи Россия, Украина, қазоқистон ва Беларус хеле вусъат бахшидааст.

Ифтитоҳи факултетҳои муштараки тоҷикӣ – россиягӣ дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб ва тоҷикӣ – украинӣ дар худи Донишгоҳ, имкониятҳои васеи ҳамгироии илмиву таълимиро дар ин самт фароҳам овардаанд.

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб бо зиёда аз 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия шартномаҳои ҳамкориро дар самти тайёр кардани мутахассисон барои Тоҷикистон, кадрҳои илмиву омўзгорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмиву тадқиқотиву инноватсионӣ ба имзо расонида, онҳоро пайваста амалӣ намуда истодааст.

Дар натиҷа айни замон дар Донишгоҳи давлатии химиявӣ - технологии шаҳри Иваново 46 нафар, Академияи давлатии кишоварзии шаҳри Иваново 170 нафар, Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Кострома 77 нафар ва Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Воронеж 25 нафар аз ҳисоби буҷети ин донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ дар заминаи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ 263 нафар донишҷўён аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат ба ин Донишгоҳ қабул гардидаанд.

Дар доираи амалӣ гардидани шартномаҳои ҳамкорӣ мактабҳои илмии муштарак таъсис дода шудаанд, ки роҳбарии онҳоро олимони шинохтаи Федератсияи Россия ва Тоҷикистон ба зимма дошта, ҳоло 12 нафар унвонҷўён ба иҷрои корҳои илмиву тадқиқотӣ машѓул мебошанд.

Ин ташаббус қобили дастгирӣ мебошад, зеро он имконият фароҳам меорад, ки масъалаҳои тарбия намудани мутахассисони замони нав аз нигоҳи рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ва мутобиқати онҳо ба талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот муваффақона ҳаллу фасл карда шаванд.

Дўстони азиз!

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки имрўз дар ҷомеаи мо боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст, баъди хатми мактабҳои олӣ тибқи роҳхат ба кор нарафтани донишҷўён, аз ҷумла онҳое мебошад, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил кардаанд. Вазъи бавуҷудомада, яъне нарасидани кадрҳои дорои маълумоти олӣ моро водор месозад, ки роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти мавҷударо андешем.

Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала имрўз зарурате ба миён омадааст, ки аз оѓози соли нави таҳсил бо донишҷўёне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд, шартномаи сеҷонибаи мактаби олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва донишҷў баста шавад.

Аз ин рў, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки дар хусуси ба қонунҳои амалкунандаи соҳа ворид намудани таѓйиру иловаҳои дахлдор ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои заруриро манзур намояд.

ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии донишҷўён - мутахассисони оянда зарур аст, ки ѓайр аз дипломи таҳсилоти олӣ бояд ба ҳар як донишҷў хислатнома низ дода шавад. Зимни гузаронидани озмунҳо барои ишѓоли вазифаҳои холӣ дар тамоми муассисаҳо пешниҳоди ҳуҷҷати мазкур бояд ҳамчун яке аз шартҳои асосӣ муайян гардад.

Солҳои охир тибқи квотаи президентӣ интихоб кардан ва ба мактабҳои олӣ ҷалб намудани ҷавонон ба ҳукми анъана даромадааст. Самараи хуби ин иқдом ба ҳама аён аст, вале дар баробари ин комёбиҳо дар ин самт ҳанўз масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар панҷ соли охир сифати қабули донишҷўён тибқи квотаи президентӣ нисбатан беҳтар шудааст, зеро дар аксарияти ҳолатҳо ба як ҷой на кам аз се нафар довталаб аз сўҳбат гузаронида мешавад. Дар баробари ин, масъалаи ҷалби писарони лаёқатманд тибқи квотаи президентӣ дар асоси тартиби махсусе, ки ҳукумат тасдиқ намудааст, амалӣ намешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ўҳдадориҳои худро ҷиҳати интихоби писарони лаёқатманд ва сафарбар намудани онҳо ба мактабҳои олӣ, ки дар қоидаҳои қабул ба мактабҳои олӣ тибқи квотаи президентӣ муқаррар шудааст, ба таври бояду шояд иҷро намекунанд.

Мақсад аз ҷудо намудани квотаи президентӣ барои писарони лаёқатманд таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб ҳангоми қабули донишҷўён буда, чунин муносибат имкон медиҳад, ки писарони болаёқати шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат барои таҳсил дар мактабҳои олӣ ҷалб карда шаванд.

Мутобиқи қоидаҳои қабули писарони лаёқатманд тибқи квотаи президентӣ номзадҳо ҳанўз дар синфи ҳашт бояд муайян гарданд.

Масъулони мактабҳо солҳои минбаъда таҳсили онҳоро зери назорат гирифта, доир ба ҷудо намудани ҷой бояд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо дархост пешниҳод намоянд. Аз қабули ин тартиби кор шаш сол сипарӣ гардидааст, вале то ҳанўз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ягон шаҳру ноҳияи мамлакат онро амалан иҷро накардааст.

ҳукумат минбаъд низ барои ҷалби хонандагони болаёқат ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, литсею омўзишгоҳҳо аз тамоми имконот истифода мебарад ва иҷрои воқеии қарорҳои қабулнамудаашро дар ин самт талаб менамояд.

Иҷрои пурра ва босифати нақшаи қабул ба мактабҳои олӣ тибқи квотаи президентӣ аз иҷрои дурусти қоидаҳои зикршуда вобаста мебошад.

Аз ин рў, ба сохтору мақомоти марбутаи давлатӣ супориш дода мешавад, ки иҷрои босифати қабули духтарон ва писарони лаёқатмандро тибқи квотаи президентӣ таъмин намоянд.

Имрўз зарурате ба миён омадааст, ки аҳамияти илму дониш дар асри XXI аз дидгоҳи замонаи нави рушди башарият арзёбӣ карда шавад.

Вобаста ба ин, ҳоло фурсате расидааст, ки дар доираи забони тоҷикӣ барномаҳои махсуси компютерӣ сохта шаванд. То имрўз дар ин самт пешравиҳои муайян дида мешаванд, вале онҳо ҳанўз қонеъкунанда нестанд.

Аз ин рў, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки барои таҳияи барномаҳои махсуси компютерӣ ба забони тоҷикӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2012 маблаѓҳои заруриро пешбинӣ намояд.

ҳамчунин, ба Вазорати маориф зарур аст, ки бо дарназардошти талаботи таълимгоҳҳои миёна ба техникаи компютерӣ маълумоти аниқро тартиб дода, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиро барои истифодаи дурусти техникаи компютерӣ, бозомўзии касбӣ ва махсусан ҷалби донишҷўёни болаёқатро ҷиҳати гузаштани таҷрибаомўзии таълимиву истеҳсолӣ ба ҳар як таълимгоҳ дар алоҳидагӣ муайян намояд.

Имрўз ҳамчунин зарурате эҳсос мегардад, ки бо истифода аз имкониятҳои Хадамоти алоқа ва дигар ширкатҳои иттилоотӣ дар маркази вилоятҳо ва ноҳияҳо нуқтаҳои хизматрасонии техникаи компютерӣ ташкил карда шаванд.

Илова бар ин, бо дарназардошти теъдоди зиёди корхонаҳои саноатӣ ва ниёзмандӣ ба мутахассисон пешниҳод менамоям, ки Коллеҷи технологии шаҳри Исфара ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шавад.

ҳамчунин зарур мешуморам, ки бо мақсади рафъи мушкилоту камбудиҳои мавҷудаи соҳа роҳбарону масъулини соҳа ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин таваҷҷўҳ зоҳир намоянд:

Якум. Бо мақсади боз ҳам вусъат додани раванди бунёдкориву созандагии мамлакат таҳияи барномаҳои рушди корхонаҳои хурди саноатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди донишгоҳҳои тахассусӣ бо корхонаҳо;

Дуюм. ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди инноватсионӣ таҳия намудани барномаи дарозмуддати тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат;

Сеюм. Вобаста ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар таҳия ва қабул намудани Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон;

Чорум. Таҳия ва қабули Барномаи президентии ҷустуҷў ва дастгирии истеъдодҳо бо мақсади дар ҳама зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ва илмиву эҷодӣ тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ;

Панҷум. Бо ҷалби олимони варзидаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо таҳия ва қабул кардани Консепсияи миллии тадқиқотиву илмии мақсаднок вобаста ба масоили рушди инсон, такмили минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Вазифаҳои гузошташуда аз ҳар кадоми мову шумо тақозо менамоянд, ки ҳамқадами замон ва ҷомеаи мутамаддин бошем.

Мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки дар рушди минбаъдаи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем ва ба раванди ободониву созандагӣ такони ҷиддӣ бахшем. Ин рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мову шумост.

Дар баробари ин, иҷрои муқаррароти қонуни ба наздикӣ қабулшуда «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи бевоситаи волидайн, аҳли маориф ва ҳамаи онҳое мебошад, ки ба ояндаи давлат ва ҷомеа бетафовут нестанд. Зеро наврасону ҷавонони имрўза созандагон ва соҳибони фардои Ватан мебошанд.

Дар давоми бист соли истиқлолият заминаҳои устувори аркони давлатдории навини тоҷикон гузошта шуданд, ҳарчанд ки дар ин роҳ мушкилоти зиёд вуҷуд дошт.

Вале сарфи назар аз душвориҳо ва имтиҳонҳои сангини ҳаёт мо тавонистем, ки норасоиву мушкилоти ҷойдоштаро зина ба зина бартараф намуда, ба самти бунёдкориву созандагӣ роҳи васеъ кушоем.

Имрўзҳо дар остонаи ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ садҳо иншооти саноативу иҷтимоӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки ин ҳама шаҳодати равшани заҳмати созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Барои торафт вусъат гирифтани раванди бунёдкориву созандагии Ватани азизамон ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву зеҳнии давлати соҳибистиқлоламон ба ҳамаи мо зарур аст, ки ҳамеша дар андешаи ҳифзу таҳкими яке аз дастовардҳои истиқлолият – ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварамон бошем.

Беҳуда нест, ки тибқи анъанаи нек ҳар сол дар Рўзи дониш ва оѓози соли нави таҳсил дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо низ дарси сулҳ баргузор мегардад. Ин басо рамзист, зеро сулҳу ваҳдат ва оромиву субот шарти асосии пойдории ҳар як давлату миллат аст. Ин орзу ва нияти неки ҳамаи сокинони сайёра мебошад.

Дар ин рўзҳои арафаи ҷашни бузурги умумимиллиамон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чун ҳамеша орзумандем, ки сулҳу амонӣ дар ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша пойдору ҷовидон ва осмони Ватани азизамон доим софу беѓубор бошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар таъкид месозам, ки ояндаи неки ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба дўши онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад.

Итминон дорам, ки ҷавонони кишварамон рисолати муқаддаси худро дар мавриди пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон амиқ дарк менамоянд ва фаъолияти созандаи худро аз ҳамин дидгоҳ тарҳрезӣ мекунанд.

Бо ҳамин умед ва изҳори эътимоди комил бори дигар ҳамаи шуморо дар арафаи бистумин солгарди ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани азизамон ба муносибати Рўзи дониш ва оѓози соли нави таҳсил самимона табрик мегўям ва бароятон саломативу хушбахтӣ, таҳсили аъло ва барори кор орзумандам.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520