Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ректори Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Маскав, Раиси Ассамблеяи халқҳои Русия Рамазан Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама дар соҳаи фарҳанг ва санъат баррасӣ шуд.
Рамазан Абдулатипов аз натиҷаҳои Симпозиуми «Мактабҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва санъат дар фазои ҷаҳонии маориф», ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, гузориш дода, робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангиро барои таҳким ва рушди муносиботи дўстона ва ҳамкории судбахш басо муҳим арзёбӣ намуд.
Сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон нусха аз китоби худ «Мардуми тоҷики ман» - ро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, изҳор дошт, ки ў дар воқеъ мардуми тоҷикро чун мардуми худ мешуморад.
Ба гуфти Рамазан Абдулатипов, чунин муносибати ў ба мардуми тоҷик, асосан ба ду сабаб асос ёфтааст: «Аввал ин, ки шоирону нависандагони мо (доғистониён) ҳам дар гузашта ба забони форсӣ эҷод мекарданд ва халқҳои мо дар фазои ягонаи фарҳангӣ ба сар мебурданд ва дувум ин, ки мардуми тоҷик ман ва аҳли оилаи маро дар замони сафириам чун шаҳрвандони Тоҷикистон медонистанду эҳтиром мекарданд».
Ў ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Маскав барои қабули донишҷўён аз Тоҷикистон ҷойҳо зиёд карда шудааст.
Миёни Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Рамазан Абдулатипов доир ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои фарҳангӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.