Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ

17.10.2011 15:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Алан Данканро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, ба густариши бештари ҳамкорӣ бо он изҳори ҳавасмандӣ кард.

Президенти Тоҷикистон ба ҳукумати Британияи Кабир барои кўмакҳои техникӣ арзи сипос карда, ҳамзамон аз кўмакрасонӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба барномаҳои бузургу миёна гузаштанро зарур шуморид. Барои ин ба имзо расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукурата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя матлуб дониста шуд.

Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520