Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

14.08.2014 08:46, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар ба ман имкони хуберо фароҳам меоварад, ки табрикоти самимии хеш, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми дӯсти Покистон расонам.

Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ мепайванданд.

Солҳои охир самти покистонии сиёсати хориҷии мо фаъолтар гардида, ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар тадриҷан инкишоф ёфта истодаанд, ки боиси қаноатмандии мост.

Тоҷикистон нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳояш дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ хеле хушбин аст. Итминон дорем, ки бо саъю эҳтимоми ду ҷониб дар ояндаи наздик муносибатҳои дуҷонибаи мо шомили марҳалаи нави рушду тавсеа мегарданд. Кишвари мо барои расидан ба ин ҳадаф ҳама саъю кӯшишҳои лозимаро ба харҷ хоҳад дод.

Дар ин рӯзи саид ба Шумо Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу комёбӣ, ба кишвари дӯсти Покистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми бародари он саодату амонӣ орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520