Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ

29.12.2007 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 30 нафар варзишгарони шинохтаи ҷумҳуриро, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошанд, ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ нишона аз таваҷҷӯҳи доимӣ ва ғамхорӣ зоҳир намудани ӯ ба соҳаи варзиши кишвар ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳли ҷомеа аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони номбардори Ватанро ба муносибати соли нави 2008 ва бо дастовардҳои намоёни варзишиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо пирӯзиҳои беш аз пештара таманно намуд.

Президенти мамлакат сарфарозӣ аз он намуд, ки дар давраи 16 соли истиқлолияти Тоҷикистон 30 нафар варзишгарони мо ба мартабаи чемпиони ҷаҳон расидаанд, ва хотиррасон кард, ки дар замони шӯравӣ шумораи онҳо ҳамагӣ 10 нафарро ташкил медод.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво зикр гардид, ки танҳо соли ҷорӣ варзишгарони тоҷик ба гирифтани 180 медал, аз ҷумла 56 медали тилло, 48 медали нуқра ва 76 медали биринҷии мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мушарраф гаштаанд, ки ин нисбат ба соли 2006 54 адад зиёд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда, онҳоро ба такмили бештари маҳорату малакаи касбии худ ва баланд бардоштани шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуд.

Дар вохӯрӣ бо варзишгарони умедбахши кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки сарпарастии дастаи миллии футболбозони навраси Тоҷикистонро минбаъд зери сарпарастии бевоситаи худ қарор медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки солҳои охир ҷиҳати ривоҷу равнақ додани тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардондани варзиш аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Дар давоми се соли охир чор маротиба афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа, бунёди варзишгоҳҳои нав ва тармиму таҷдиди иншооти мавҷудаи варзишӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо арзёбӣ гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпиадаи Пекин -2008 ва дигар мусобиқоти байналмилалию минтақавӣ обурӯю нуфузи Ватани азизи худро боз ҳам боло мебаранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520