Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

27.12.2007 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул оид ба сӯхтори дирӯза дар Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат нахуст гузориши роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ оид ба сабабҳои сӯхтор ва бартараф намудани оқибатҳои он шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷумҳурӣ дастур дод, ки сабабҳои рух додани ин сӯхтори мудҳишро мавриди санҷишу тадқиқи ҳамаҷониба қарор диҳанд.

Ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва тандурустӣ супориш дода шуд, ки барои таъмини кори муназзами донишгоҳ ва идома додани таҳсили донишҷӯён аз биноҳои дигар истифода бурда, тамоми шароити заруриро муҳайё созанд.

Барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои сӯхтор ва пурра барқарор сохтани бинои марказии донишгоҳ дастур дода шуд, ки таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ситоди доимамалкунанда ташкил карда шавад.

Ба роҳбарони сохторҳои марбута ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷиҳати гузарондани ташхисҳои дақиқи сохтмонӣ, сафарбар кардани беҳтарин идораҳои сохтмонӣ ба барқарорсозии бино ва баҳри то моҳи августи соли 2008 пурра барқарор намудани он чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба роҳбарони Вазорати мудофиа ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дастур дода шуд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор ва дигар корҳои зарурӣ қувваи кории ёрирасон ҷудо намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ҳамаи сохторҳои масъул ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо сифати дилхоҳ анҷом додани корҳои зарурӣ дар донишгоҳи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати анҷом додани амалҳои пешгирикунандаи сӯхтор ва таъмини хадамоти дахлдори худ то техникаю таҷҳизот ва мутахассисони зарурӣ чораҳои муассир андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520