Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо соҳибкорони кишвар

25.12.2007 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи Кохи Ваҳдати пойтахт бо соҳибкорони кишвар мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва беш аз 1300 нафар соҳибкорони кишвар иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ масоили рушди соҳибкориро дар давраи баъди мулоқоти қаблии худ бо соҳибкорон, ки беш аз чор сол пеш аз ин сурат гирифта буд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид дошт, ки дар ин давра як силсила пешравиҳо ба даст омадаанд. Ҳамзамон бо ин таъкид бар он дошт, ки бо назардошти пешрафти имрӯзаи ҷомеа зиндагӣ дар назди мо вазифаҳои навро вогузор мекунад.

Бинобар иттилои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судбахш шумораи субъектҳои соҳибкорӣ аз 5200 - и соли 2003 дар соли 2007 ба 8750 адад расидааст. Шумораи шахсони ҳуқуқӣ аз 33 ҳазору 900 адади соли 2003 дар соли 2007 ба 36 ҳазору 600 адад расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба фаъолияти шаффофу бенуқсон ва омӯзиши дурусти ҳуқуқу вазифаҳои худ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки дар сурати қонунӣ фаъолият кардани онҳо шумораи санҷишҳои мақомоти назоратӣ худ ба худ кам мешаванд.

Бо назардошти таклифу дархостҳо, пешниҳодот ва арзу шикоятҳои сершумори соҳибкорону тоҷирон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати такмил додани санадҳои андозбандӣ, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ, стандартизатсия ва сертификатсиякунонӣ, зиёд намудани қарздиҳии хурди бонкӣ ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва доир ба додани дигар сабукиҳо ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла тибқи яке аз чунин супоришҳо дар ояндаи наздик бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ бо механизми "дари ягона" сурат хоҳад гирифт. Яъне хадамоти дахлдори тамоми мақомоти бақайдгирӣ дар як ҷо гирд оварда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба риояи одобу ахлоқи соҳибкорӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тартиботи байналмилалии корбарӣ ва ҳамчунин ба иштироки фаъолона дар татбиқи лоиҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари худ даъват намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҳамчунин оид ба риояи бечуну чарои Қонуни "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи телефонҳои мобилӣ ва мошинҳои шахсӣ аз ҷониби мактаббачагону донишҷӯён дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тӯли қариб чор соат ба суолҳои сершумори соҳибкорону тоҷирон посух гуфта, ба пахлӯҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти онҳо дахл намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ба хулоса омаданд, ки мулоқоти имрӯза ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон, ки бо назардошти пешниҳодҳои субъектҳои соҳибкорӣ дода шуданд, ба бартарафсозии камбудию монеаҳои ҷойдошта мусоидати фаъол намуда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520