Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ оид ба масоили омодагӣ ба таҷлили иди Қурбон ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

18.12.2007 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили омодагӣ ба таҷлили иди Қурбон ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъомади корӣ доир намуд.

Дар ҷамъомад масъулони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони аҳли зиё ва олимону ходимони дин иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро бо иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ мардумро ба адои корҳои наку, меҳру муҳаббат ба ҳамдигар, муомилаи хуш ва ба баровардани ҳоҷати табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон ва дигар эҳтиёҷмандон даъват намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди татбиқи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" изҳор дошт: "мо аз рафти иҷрои он қаноатманд нестем" ва мардумро ба риояи бечунучарои талаботи ин ва дигар санадҳои танзимкунандаи расму ойин ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз болоравии сунъии нархи маводи хӯрока, ки дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон дар кишвари мо ба назар мерасад, изҳори нигаронӣ карда, соҳикорону тоҷирон ва аҳли бозори истеъмолиро ба адлу инсоф ва риояи меъёрҳои дини мубини Ислом, ки хилофи ин рафтори онҳо аст, даъват намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор ва мардуми кишвар мужда расонд, ки имрӯз тарҷумаи тоҷикии Қуръони Маҷид ва яке аз муътабартарин тафсирҳои он - Тафсири Табарӣ бо забони тоҷикӣ дастраси мардум мегардад.

Бояд хотиррасон намуд, ки ин кор дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 майи соли равон дар рӯзи мулоқоти ӯ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар баҳри қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баён гашта буд, анҷом дода шудааст.

Баъди садо додани паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ахбороти Сардори Раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Абдураҳмон Холиқов шунида шуд.

Зикр гардид, ки татбиқи санадҳои танзимкунандаи анъана ва ҷашну маросимҳо ба мардуми кишвар сабукиҳои зиёд оварда, боиси дастгирӣ ва хушнудии аҳли ҷомеа гаштаанд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар давоми се моҳи аввали татбиқи онҳо бинобар сабук гаштани маъракагузаронӣ баргузории тӯйи хатна ва тӯйи домодию арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 3900 ва 5900 адад афзудааст. Аз рӯйи натиҷаҳои пешакии 6 моҳа бошад, ин нишондиҳандаҳо ду маротиба афзоиш ёфтаанд. Тибқи таҳлилҳо дар се моҳи аввал тақрибан 170 миллион сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Камшавии забҳи чорвои калон низ аз натиҷаҳои муфиди танзими расму ойин маънидод гардид.

Зимни ин ҷамъомад ҳамчунин байни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки таклифу пешниҳодҳои баёнгашта мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шаванд.

Умуман аз фазои ҷамъомад ва сӯҳбатҳои дилнишини озоду ошкоро маълум буд, ки аҳли ҷамоатчигии кишвар аз қабули санадҳои танзимкунандаи анъана ва ҷашну маросимҳо ва натиҷаҳои судманди татбиқи онҳо қаноатманданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520