Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарпарасти Кумитаи имдоди Хумайнӣ Ҳусайни Анвори

13.12.2007 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарпарасти Кумитаи имдоди Хумайнӣ Ҳусайни Анвориро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи фарҳангию башардӯстии Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти 13 - солаи намояндагии ин кумита дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: "мо ба рушди ин муносибот аҳамияти хоса медиҳем ва хоҳони онем, ки ҳамкориҳои мо дар заминаи пайвандҳои таърихии миёни ду мардуми бародар бемайлон инкишоф ёбанд".

Ҷонибҳо ҳамчунин аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, онро таҷассумгари ормонҳои аслии ду мардуми дӯсту ҳамзабон ва натиҷаи вохӯриҳои мунтазами сарварони Тоҷикистону Эрон маънидод карданд.

Мусоҳибон атрофи ҳамкориҳои мавҷуда ва рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахшҳои ҳунаромӯзии ҷавонон, занону духтарон, аз ҷумла баҳри азхудкунии ҳунарҳои мардумии қолинбофию заргарӣ, таъмин намудани аъзои оилаҳои камбизоат ва маъюбону бепарасторон бо ҷойҳои нави корӣ ва шароити ташхису табобат гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар бораи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули андеша карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои Маҷлиси Шӯрои Исломӣ (Парлумон) - и Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520