Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ирсол ва воридшавии номаҳои табрикӣ ба муносибати фаро расидани Соли Нави мелодӣ

31.12.2014 16:43, шаҳри Душанбе

Ба муносибати фаро расидани Соли Нави мелодӣ аз номи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарварони мамолики Аврупо, Шарқи Дуру Наздик, Осиё, кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва шахсиятҳои бузурги хориҷӣ номаҳои шодбош ирсол гардиданд. Дар онҳо зимни табрикоти самимӣ ба роҳбарият ва мардуми ин кишварҳо орзуҳои беҳтарин иброз гаштааст.

Ҳамзамон ба ин муносибат ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои ҷаҳон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ номаҳои шодбош расиданд. Ворид гаштани табрикоти солинавӣ ба номи Сарвари давлат идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520