Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намояндагии Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи «МИСиС» - и Маскав

17.04.2012 13:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам Константин Иосифович!
Мӯҳтарам Дмитрий Викторович!
Меҳмонони азиз!
Професорон, омӯзгорон, аспирантҳо ва донишҷӯёни мӯҳтарам!

Илму маориф асоси рушду тараққии ҳар давлату миллатанд. Зеро рушди ҷамъият, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, ба даст овардани сатҳи баланди иқтисодиёт, истифодаи дастовардҳои техника ва технологияи муосир мустақиман вобаста ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди хушсифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хуллас, вобаста ба сатҳи саводнокӣ мебошанд. Умуман бахши маориф дар сиёсати давлати мо мақоми муҳим дорад. Дар кишвар ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба таҳсилот авлавият дода мешавад.

Сулҳу суботи Тоҷикистон имконияти рушди раванди ҳамгироии системаи маорифи мамлакатро зиёд намуд. Дар ин раванд мехоҳам зикр намоям, ки мақсаду вазифаҳое, ки Сарони ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар назди бахши маорифу илми мамлакатҳоямон гузоштаанд, бояд ба рушди равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаи ҳамкории гуманитарӣ мусоидат намоянд. Хурсандибахш аст, ки ин ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф самараи зиёд мебахшад. Солҳои охир ҳамкории мутақобилан муфиди ду давлат ба сатҳи сифатан нав гузаронида ва он суръати баландро касб мекунад.

Яке аз омилҳои асосии рушди ҳамаҷонибаи мамлакат иборат аз тарбияи кадрҳои баландихтисосу ҳозиразамон барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ мебошад. Дар робита бо ин метавон гуфт, ки ифтитоҳи намояндагиҳои донишкадаҳои олии асосии Русия ва муассисаҳои муштараки таҳсилотӣ дар Тоҷикистон ба манзури тарбияи мутахассисоне, ки ҷавобгӯи тақозои замон барои соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат мебошанд, воқеаи дорои аҳамияти калон маҳсуб мешавад. Табодули донишҷӯён, намояндагони аҳли маърифату илм густариш меёбад. Алҳол ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр донишкадаҳои олии Русия таҳсил мекунанд ва таҷриба меомӯзанд. Ҳар сол додани квотаҳо барои таҳсил дар донишкадаҳои олии Федератсияи Русия афзоиш меёбад.

Суръати мусбати ҳамкории дуҷониба худи имрӯз самтҳои нав ба нави ҳамгироӣ ва саъю кӯшишҳои якҷояи кормандони соҳаи маорифу илмро бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ ва шукуфоии ҳар ду давлат муайян месозад.

Мо барои расидан ба ин мақсад аллакай қадамҳои назаррас гузоштаем ва онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои рушду густариши ҳамкории гуманитарӣ бояд ҳамаи имкониятро пурра истифода намуда, лоиҳаҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии бахши маорифу илм, ҳамчунин олатҳои таъсирбахшро барои татбиқи нақшаҳои пешбинишуда пурра тарҳрезӣ намоем. Онҳо ҷавобгӯи манофеи миллию давлатии мамлакатҳоямон мебошанд.

Меҳмонони мӯҳтарам!
Ҳамватанони гиромӣ!

Боиси хурсандии бузург аст, ки имрӯз ҳамаи шуморо бо чунин воқеаи барои ҷомеаамон фархунда - ифтитоҳи расмии намояндагии яке аз донишкадаҳои қадимтарину асоситарини Русия - Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе муборакбод менамоям.

Ифтитоҳи намояндагии «МИСиС» ба рушди илму техникаи Тоҷикистон, ба тарбияи муҳандисони ҷавобгӯи талаботи имрӯза, бешубҳа, қувваи бузург мебахшад, ки онҳо ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти мо, хусусан дар раванди эҳёи саноат заруранд.

Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии «МИСиС», ки таърихаш аз соли 30 – уми қарни гузашта манша гирифта, дар он вақт Донишкадаи пӯлоди Маскав таъсис ёфта буд, имрӯз яке аз донишкадаҳои олии пешқадами на фақат Федератсияи Русия мебошад, балки дар ҳамаи гӯшаҳои ҷаҳон хеле машҳур аст. Саҳми он дар барқарорёбӣ ва рушди таҳсилоти олию илми Тоҷикистон бузург аст.

Донишгоҳи «МИСиС» дар давоми тамоми фаъолияташ ба таъмини мамлакатамон бо кадрҳои илмӣ ёрии бебаҳо мерасонид. Олимони ин донишкадаи олӣ дар донишкадаҳои мо маърӯзаҳо карда, дар тарбияи мутахассисони барои Тоҷикистон хеле зарур фаъолона иштирок намудаанд.

Мехостам дар ин ҷо миннатдории бепоёнамонро ба Ректори Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии «МИСиС» Дмитрий Викторович Ливанов барои саъю кӯшишҳои доимиаш, ки воқеаи имрӯза самараи он аст, иброз дорам.

Ҳамчунин мехоҳам ҳамаи тоҷикистониҳо ва, хусусан намояндагони илму маорифро, бо воқеаи барои кишвари мо ин қадар муҳим, ки аҳамияташ бебаҳост, муборакбод намоям.
Ҳамватанони азиз!

Акнун насли навраси мо, бинокорони ояндаи Тоҷикистон, имконияти фараҳбахше доранд, ки ба қуллаҳои илм расида, дар бинои ин намояндагӣ маълумоти хушсифат ба даст оранд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи намояндагии донишгоҳи «МИСиС» он аст, ки дар раванди таҳсилот баробари профессорону омӯзгорони донишкадаи олии асосӣ мутахассисони таҷрибадори мо, ки курсҳои такмили ихтисосро дар кафедраҳои асосии «МИСиС» хатм намудаанд, иштирок менамоянд.

Имрӯз бисёр хатмкардагони Донишгоҳи «МИСиС» дар соҳаҳои мухталифи саноат ва донишкадаҳои олии кишвари мо самарабахш меҳнат карда, ба рушди Тоҷикистони мустақил саҳми бузург мегузоранд.

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Стратегияи рушди маорифи мамлакати мо дар шароити ҷаҳонишавӣ аз оғози кор истифодаи имкониятҳои асосҳои ҳамгироию кооперативии ин бахшро дар бар мегирифт.

Соли таҳсили ҷорӣ ба намояндагии «МИСиС» дар пойтахти мо донишҷӯён аз рӯи шаш самт қабул гардиданд. Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия бо мадади «МИСиС» 50 ҷойи буҷавӣ ҷудо намуд, ки аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешаванд. Дар оянда феҳристи ихтисосҳое васеъ карда мешавад, ки бояд кадрҳои мавриди зарурати соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аз рӯи онҳо тарбия карда шаванд.

Умедворам, ки дар ояндаи наздик ҳамаи шароити зарурии иҷтимоию маишӣ барои таҳсили самарабахши донишҷӯёне фароҳам оварда мешавад, ки аз ҳамаи гӯшаҳои мамлакатамон ба ин ҷо меоянд.

Мо қадру манзалати хосаи мутобиқати таълим ба талаботи намояндагии «МИСиС» - ро дарк намуда, кӯшиш мекунем, ки ҳамаи меъёрҳои заруриро риоя намоем.

Мо умедворем, ки барои фаъолияти самарабахштари намояндагӣ аз дастгирии Шумо, мӯҳтарам Дмитрий Викторович, дар амри ҷиҳозонии пурраи техникии лабораторияҳо бархӯрдор шавем. Мо ҳамчунин умедворем, ки донишҷӯёни ин намояндагӣ иштирокро дар маърӯзаҳои сайёри омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои телекоммуникатсионию иттилоотии муосири донишкадаи олии асосӣ давом медиҳанд, ки ин, бешубҳа, омили беҳтарини раванди таълим мебошад.

Дӯстони азиз!

Рушди муносибатҳои мутақобилан муфиди давлатҳоямон решаҳои таърихӣ доранд, бинобарин аз дӯстии миёни Тоҷикистону Русия ифтихор дорем ва онро қадр мекунем. Нигоҳ доштани таҷрибаи хуби гузашта ва гузоштани саҳми пурқимат ба ояндаи мушорикатамон басо муҳим аст.

Ҳамкории васеи гуманитарию фарҳангӣ, бешубҳа, авлавияти муҳимтарини ҳамкории Тоҷикистону Русия мебошад. Вай Дар бахши маориф хусусан зарур аст, зеро маҳз дар ин ҷо омилҳои қадру қиммати шахсият ва ояндаи воқеии халқҳою мамлакатҳои мо ташаккул меёбанд.

Ҳалли проблемаҳои ҳамкории зич дар соҳаи илму технологияҳои баланд низ ба назар басо муҳим мерасад, зеро кооператсия ва лоиҳаҳои муштарак дар шароити имрӯза ҳаётан муҳим буда ва ҷавобгӯи манфиатҳои умумӣ ба шумор мераванд.

Бинобар ин, ифтитоҳи намояндагии Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе дар ҳақиқат воқеаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва боз як далели мустаҳкамии робитаҳои фарҳангию гуманитарии мо гардид. Фикр мекунам, ки амали ибтикори моро дар мавриди дар пойтахти давлатамон кушодани намояндагии дуюм баъди ифтитоҳи намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ҷонибдорӣ намудани роҳбарияти Русия саҳми умумии мо ба пойдорию рушди фазои ягонаи таълимӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Имрӯз соҳаи маориф яке аз афзалиятҳои раднашавандаи сиёсати давлати Тоҷикистон гардида ва дар ин маврид рушди робитаҳои илмию гуманитарӣ бо Федератсияи Русия ҷузви муҳимтарини онро ташкил медиҳад.

Ҳамкории мо дар ин бахш соли 1996 оғоз ёфт, ки он вақт дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон кушода шуда ва дар муддати кӯтоҳ ба яке аз донишкадаҳои олии пешқадами мамлакати мо табдил ёфт. Баъди намояндагии донишгоҳи «МИСиС» дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздиктарин намояндагии боз як донишкадаҳои олии асосии Федератсияи Русия – Донишкадаи энергетикии Маскав кушода мешавад.

Ман соли 2011 зимни паёмам ба парлумони ҷумҳурӣ нуқтаи назарамро дар мавриди барқарор ва эҳё намудани саноати истихроҷи маъдан ва металлургия баён карда будам.

Маълум аст, ки Тоҷикистон чун мамлакати кӯҳсор бо конҳои фулузоту минералҳои қиматбаҳояш ғанӣ аст. Имрӯз беш аз 400 кони элементу минералҳои мухталиф муайян ва дарёфт шудаанд, ки барои онҳо ташкили корхонаҳои нави саноатӣ заруранд.

Яке аз мақсадҳои ташкили ин намояндагӣ тарбияи мақсадноки мутахассисони соҳаи саноати истихроҷи маъдан ва металлургия мебошад.

Аз ин лиҳоз татбиқи стратегияи таълими инноватсионии Донишгоҳи илмию тадқиқотии технологии «МИСиС» ва татбиқи он дар соҳаи маориф ва иқтисодиёти мамлакати мо ҷолиб аст.

«МИСиС» донишгоҳи тадқиқотиест, ки технологияҳои пешқадами таълимро пайваста бо фаъолияти ҷиддии илмӣ дар бар мегирад. Мо медонем, ки «МИСиС» аз соли 2003 дар байни шумораи ками донишгоҳҳои дигар ба ҳайси ташкилоти илмӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мо умедворем, ки бо кӯмаки Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии «МИСиС» дар оянда дар заминаи намояндагии он чандин марказҳои инноватсионӣ ва техникӣ таъсис меёбанд, ки раванди тарбияи кадрҳо ва роҳандозии истеҳсолоти таҷрибавиро дар он гирд овардан мумкин аст. Бо назардошти ин мо аз роҳбарияти донишгоҳ хоҳиш мекунем, ки барои тарҳрезии барномаи рушди намояндагӣ мусоидат намояд ва кӯмак кунад.

Шубҳае нест, ки ифтитоҳи чунин донишгоҳи обрӯманд дар шаҳри Душанбе ба баландшавии сатҳи тарбияи кадрҳои муосир ба таври самарабахш мусоидат мекунад.

Тоҷикистони мустақил, ки захираҳои бузурги табиию истеҳсолӣ дошта ва қисми зиёди онҳо ҳанӯз истифода намешаванд, дар шароити ҳозира ба мутахассисони соҳаҳои мухталиф зарурат дорад, ки онҳо метавонанд ба рушди онҳо вусъати ҷиддӣ бахшанд.

Мо мефаҳмем, ки имрӯз, дар асри технологияю инноватсияҳои нав, дар кишвари мо бояд ба илму маориф, ба васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, ба тарбияи кадрҳои ҷавобгӯи талабҳои баланди меъёрҳои ҷаҳонӣ бештар таваҷҷӯҳ дода шавад. Мо аҳамияти ин масъалаҳоро ба назар гирифта, маблағгузории бахши маорифро сол аз сол зиёд намуда, умедворем, ки иҷрои тадриҷии вазифаҳои зикршударо таъмин кунем. Танҳо тайи панҷ соли охир буҷаи системаи маориф беш аз чор баробар афзуд.
Яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ иборат аз таъмини рушди самарабахш ва истифодаи захираҳои қувваи кор мебошад. Қобили зикр аст, ки таъмини рушди мақсадноки онҳо ва мутобиқати таҳсилоти касбӣ ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти кишвар масъалаи омӯзиши доимию муфассали талабот ба бозори меҳнатро кӯндаланг ба миён мегузорад. Дар робита бо ин, вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд. Механизми тарбияи кадрҳо бояд бо талаботи бозори меҳнат ва рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ алоқаи мустақим дошта бошад.

Чунин механизм бояд ҳар чи зудтар ба шароити имрӯза мувофиқ намуда ва тавассути мақомоту сохторҳои дахлдори давлатӣ рӯи кор оварда шавад. Набояд фаромӯш сохт, ки захираҳои қувваи кор ва омодагии касбӣ мусоидат менамоянд, ки имкониятҳои иқтисодиёти кишвар ва ворид шудани он ба равобити иқтисоди ҷаҳонӣ васеъ карда шаванд. Мо итминони комил дорем, ки Тоҷикистону Русия дар сурати роҳандозӣ намудани ҳамкории васеъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор на фақат стратегияи рушди устувори миллии худро муваффақона амалӣ месозанд, балки ҷузвҳои муҳими ҳамкории самарабахшу ҳамаҷонибаи минтақавию байналмилалиро низ ташкил медиҳанд.

Имкониятҳо дар ин самт, бешубҳа, нодиранд. Мо таҷрибаи бузурги муошират бо якдигарро дорем, сатҳи ҳамгироии иқтисодӣ ба қадри кофӣ баланд ва равандҳои дигаргунсозиҳои мамлакатҳоямон аз бисёр ҷиҳат ба якдигар монанданд. Ғояҳои дӯстӣ, ҳамкории ҳамаҷониба ва фаъолияти зич на фақат ба орзую умеди халқҳоямон мувофиқанд, балки онҳо ҳамчунин дар маҷрои тамоюли рушди ҷомеаи ҷаҳон низ қарор доранд.

Дӯстони азиз!

Иҷозат диҳед ҳамаи шуморо бо воқеаи фархунда бори дигар муборакбод намуда, орзуҳои нектарин ва комёбиҳои навро баҳри манфиати халқоямон иброз дорам. Аминам, ки хатмкунандагони ояндаи мо ҳамаи донишу қувваашонро сарфи хидмати Ватан ва шукуфоии кишварҳоямон менамоянд.

Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520