Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:
Хонуми Олиҷоҳ,
Хабари садамаи қатораҳои мусофиркашон, ки мўҷиби талафоти бузурги ҷониву хисороти бузурги молӣ гашт, моро сахт андўҳгин намуд.
Ин амали ноҷавонмардона ва зиддиинсонии террористон қатъияти моро боз ҳам маҳкамтар хоҳад кард, то бар зидди ҳар гуна чунин зуҳуроти манфур дастаҷамъона ва муштаракан вокуниш нишон дода, оламро аз вуҷуди нопоки онҳо тоза намоем. Дар татбиқи чунин стратегияи фарогир Тоҷикистон ҳамеша бо ҳиндустони дўст хоҳад буд.
Бо изҳори таъзияву тассалияти самимӣ ба Шумо ва мардуми ҳиндустон, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону хонаводаҳои қурбоншудагон бирасонед.