ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода С.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№721
аз 29 январи соли 2024 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 12 декабри соли 1974 Ҷои таваллуд шаҳри Норак
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос муҳандиси сохтмони иншоотҳои обӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ, форсӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон»
Солҳои 1991-1996 |
Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1996-1997 |
Электоромонтёри лабораторияи электортехникии Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак |
Солҳои 1999-2000 |
Техники шӯъбаи истеҳсолӣ-техникии ҶСК «Норак НБОсоз» |
Солҳои 2000-2002 |
Оператори мошинҳои электронии ҳисоббарори сехи иншоотҳои обии НБО-и Норак |
Солҳои 2002-2003 |
Муҳандиси барномасози сехи иншоотҳои НБО-и Норак |
Солҳои 2003-2004 |
Сармутахассиси бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал |
Солҳои 2004-2005 |
Сардори бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал |
Солҳои 2005-2009 |
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009-2010 |
Мудири Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2013 |
Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2013-2019 |
Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2019-2020 |
Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка |
аз сентябри соли 2020 |
Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал |