Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якабро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат аз самараи ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон гардид, ки ҳаҷми умумии кумаки ин созмон дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон танҳо дар 8 соли охир ба зиёда аз 19 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Ба кумакҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, эмкунии фарогири аҳолӣ, таҳкими заминаи моддию техникии хадамоти ҳифзи модар ва кӯдак, амалиётҳои фаврии хадамоти тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра баҳои баланд дода шуд.
Ҳамзамон густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷорӣ намудани қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил, вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) ва навсозии заминаи технологии соҳаи тандурустӣ дар маҷмӯъ зарур шумурда шуд.
Ҳарду ҷониб ба рушду тавсиаи ҳамкорӣ дар оянда, аз ҷумла дар самти татбиқи амалии Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола ва Стратегияи нави миллии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2010-2020 ҳавасмандии худро таъкид намуданд.